Арзамӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Арзамӣ — навъе аз зардолуҳои маҳаллӣ.

Чанд хели арзамӣ мавҷуд аст, ки вобаста ба шакл, калонию хурдии дарахт, ранг, таъм, сергӯштию камгӯштии мева ва мӯҳлати пухтани он аз дигар навъҳои зардолу фарқ доранд. Арзамӣ ба гурӯҳи зардолуҳои зарафшонӣ мансуб аст. Дарахташ нисбатан баланд ва сершоху барг. Баргаш тухмшакл ё гирда, дандонадор, думчааш кӯтоҳ, рангаш сабзи баланд. Навдаҳояш рости дароз. Гулаш гулобии хира, саросар мешукуфад. Мевааш лӯнда (55 — 60 г, баъзан то 70 г), рангаш зард, ҷои офтобрасаш зарди сурхча, сергӯшту сершира, хушбӯй ва хуштаъм, мағзи донакаш ширин. Охири март гул карда, ох. июн — авв. июл мепазад. Ниҳолаш дар 3 — 5-солагӣ ба ҳосил медарояд (то 120—130 сол умр мебинад). Аз дарахти 15 — 20-солааш 150—250 кг ҳосил гирифтан мумкин. Ҳосилашро асосан тар мехӯранд, мехушконанд ва аз он мураббо тайёр мекунанд. Мурабои арзамӣ хушсифат мешавад. Дарахташ ба сармо тобовар аст. Бештар дар ноҳ-ҳои Панҷакент, Хуҷанд, Исфара, Конибодом, инчунин дар ӯзбекистон ва Қазоқистон парвариш мекунанд. Аз касалиҳои занбӯруғӣ зарар мебинад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]