Артикулятсия (мусиқӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Навъҳои артикулятсия: стаккато, стаккатиссимо, martellato, marcato, tenuto
Навъҳои артикулятсия: легато, портато, стаккато, стаккатиссимо

Артикулятсия (аз лот. articulo — ба ҷузъҳо ҷудо кардан) — услуби иҷрои пайиҳами як қатор овозҳо дар сози мусиқӣ ё ҳунари возхонӣ.

Навъҳои асосии артикулятсия: легато ва стаккато. Намудҳои дигари артикулятсияро аз рӯи дараҷа ва хусусияти ифода (мас., поп legato — ҷудо-ҷудо, вале на он қадар канда-канда, иҷро кардан, legatissimo — бо ҳамдигар пайваст ва ғайра) муайян мекунанд. Инчунин портаменто (аз як овоз лағжида ба овози дигар гузаштан) ва глисандо мавҷуданд. Артикулятсия аз ҷиҳати техникӣ бештар ба усулҳои ҳаракати дастон (китф, панҷа), зарб (ё фишор)-и ангуштон ва баргирифтани онҳо, тарзи кор фармудани камон ё мизроб, вале дар овозхонӣ ба воситаи узвҳои нутқ талаффуз намудани ин ё он овоз вобаста аст. Артикулятсияи дуруст дар навохтан ва сурудхонӣ аҳамияти калон дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]