Артиши миллии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Артиши миллии Тоҷикистон — ҷамъи қувваҳои мусаллаҳи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади ҳимояи кишвар ташкил карда шудааст.

Артиши миллии Тоҷикистон 23 феврали 1993 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ мекарданд, таъсис ёфтааст. Дар марҳалаи аввал ҳадафи асосии таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон ташаккули нерӯи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият қодир бошад, озодии шаҳрвандон ва мухторияту амнияти кишварро таъмин намояд. Вобаста ба таъйиноти мазкур гурӯҳҳои муташаккилу зудамал ташкил карда шуданд, ки вазифаи асосиашон муқовимат бо қувваҳои зиддиҳукуматӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ буд. Соли 1994 ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа қариб тамоми ҳудуди ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Солҳои 1994 — 96 марҳалаи дуюми ташаккули сифатан нави Артиши миллии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ба тайёр намудани афсарони касбӣ дар Коллеҷи ҳарбии Тоҷикистон (ҳоз. Донишкадаи ҳарбӣ) ва муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия ибтидо гузошта шуд, низомномаву оинномаҳо ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқӣ таҳия гардиданд. Дар ин давра дар Артиши миллии Тоҷикистон Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ташкил карда шуданд. Ба таъсиси Қӯшуни таъйиноти махсус аҳамияти хоса дода шуд. Баъди имзои Созишномаи сулҳу истиқрори миллӣ байни ҳукумати конститутсионӣ ва роҳбарияти мухолифин (1997) марҳалаи сеюми (охирини) таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин марҳала бо ёрии бевоситаи дастгоҳи машваратчиёни Федератсияи Русия дар Артиши миллии Тоҷикистон намудҳои нави қӯшун таъсис дода, усулҳои самарабахши идоракунӣ, омодагии ҷангӣ ва амалиёти қӯшунҳо ба роҳ монда шуданд. Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон аз се намуди қӯшун: Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал иборат аст.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]