Архегоний

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Архего́ний, ё Архегония (юн.-қад. ἀρχή — «оғоз», γονή — «насл») — узви ҷинсии модинаи ушнаҳо, сарахсшаклҳо ва лучтухмҳо, ки онҳоро аз рӯи ин аломаташон баъзан растаниҳои архегонӣ меноманд. Архегоний кӯзашакл буда, аз қисми «шикам» (дар он ҳуҷайратухм ва найчаҳуҷайра ҷойгиранд) ва гардана (чанд найчаҳуҷайра дорад) иборат аст. Найчаҳуҷайраҳо аз луоб пур гашта, варам ва гарданаи архегонийро боз мекунанд. Дар натиҷа сперматозоидҳо ба ҳуҷайратухм ворид шуда, раванди бордоршавӣ ба вуҷуд меояд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]