Архимисетҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Архимисетҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Archimycetes

Архимисетҳо (лот. Archimycetes) — синфи занбӯруғҳои дараҷаи паст, ки бештари онҳо дар дохили ҳуҷайраи обсабзҳо, занбӯруғҳои обӣ ва растаниҳои гулдор ҳаёт мегузаронанд.

Ҷисми нашвии архимисетҳо аз протоплазма ё митселия иборат аст. Дар мавриди афзоиши ғайриҷинсӣ дар аксари архимисетҳо як ё якчанд спорангийҳо ташаккул меёбанд (дар онҳо зооспораҳое ба вуҷуд меоянд, ки як қамчинак доранд). Ҳангоми афзоиши ҷинсӣ гаметаҳо омехта мешаванд. Аксар архимисетҳо систа дошта, аз он баъди давраи оромӣ зооспораҳо мебароянд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]