Арҷана

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Арҷана» — тарона, оҳанги қадимии мардуми форс-тоҷик, ки онро дар давраи Сосониён Борбад таълиф намудааст.

«Арҷана» аз силсилаи дуюми «Хусравониёт»-и ӯ буда, ба муносибати ҷашни Наврӯз эҷод шудааст. Дар рисолаҳои мусиқӣ ва осори саромадони адабиёти форс-тоҷик «А.» чун наво ва таронаҳои қадимӣ тавсиф гардидааст.

«Арҷана» шуъбаи мусиқӣ дар садаҳои 12 — 13. Дар таълифоти мусиқии минбаъда (садаои 14 — 17) «Арҷана» ёд нашудааст. Дар мусиқии классикии тоҷик вуҷуд надорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]