Jump to content

Ассошиэйтед Пресс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Шаблон:Агентии иттилоотӣ

Нишонаи АП

АССОШИЭЙТЕД ПРЕСС (Associated Press), яке аз бузургтарин агентиҳои иттилоотии ИМА, ки соли 1848 таъсис ёфтааст. Ассошиэйтед прессмонополияи бонуфуз буда, якҷо бо агентии «Юнайтед пресс интернэшонал» тамоми корҳои иттилоотии ИМА-ро ба манфиати табақаи ҳукмрон комилан назорат мекунад. Зиёда аз 100 ҳазор корманд дорад. Аз иттилооти Ассошиэйтед пресс агентиҳои бисёр давлатҳо (аз ҷумла РИА ва АМИТ «Ховар») истифода мебаранд. Моҳи октябри соли 2008 Ассошейтед пресс дар кӯчаи 450 Уест 33-уми шаҳри Ню-Йорк ҷойгир шуд. Маводи худро ба рӯзнома,радио ва телевизонҳо дар Амрико ройгон медиҳад. Ҳамаи ҳамкорони Ассошейтед пресс ҳаққи узвият месупоранд. Ҳамаи матолиби он ройгон аст ва аз навиштаҳои журналистони касбӣ низ истифода мебарад. АП ба ҳайати намояндагии Иттифоқи касабаи рӯзномаҳо дохил шуда, яке аз идоракунандагони Иттифоқи кормандони алоқа ва AFL-CIO мебошад. АП ҳайати бузургеро бо ба вуҷуд овардани афкори умум муттаҳид намуд. Аз ҷумла, дар соли 2005 маҷмуӣ иттилооти ин агентиро бештар аз 1700 рӯзнома бо иловаи 5000 телевизион ва радио нашр карданд. Дар китобхонаи суратҳои он бисёртар аз 10 млн расм маҳфуз аст. Ассошейтед пресс 243 шуъбаи хабарӣ дар 120 давлат бо кадрҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар ихтиёр дорад. АП маводи ҷолиби махсусгардонидашудаи радиоӣ низ омода мекунад. Бисёре аз рӯзнома ва ширкатҳои радиоӣ берун аз Амрико низ обуна ҳастанд, ки пардохти озод ё ихтиёрӣ барои истифодаи маводи Ассошейтед прес доранд.Як қисми ин коперативҳо шартнома бо АП доранд, бештар созмонҳои хабарӣ ба таври ихитёрӣ барои коркарди иттилооти маҳалӣ ба Ассошейтед пресс грант медиҳанд. Масалан, дар ду саҳифаи ҳар нашри рӯзномаи Вашингтон пост (The Washington Post) хабарҳои аз ҳаёти минтақа чоп мешавад. Асссошейтед пресс аз усули «Формулаи пирамидаи чаппа» ё «Аҳроми воруна» кор мегирад, ба хотири ҷолибия ва фаромӯшнаванда таҳия шаванд.

Бинои АП дар Ню Йорк

Захираҳои интернетӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
/ М. Султонов.