Астма

Иҷозаи ибҳомзудоӣ
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Астма — хурӯҷи нафастангӣ. Ба сабаби танг шудани равзани бронхҳо (ниг. Зиқи нафас) ё чун зуҳуроти иллати дил (ниг. Зиқи дил), баъзан аз чанд иллат ба вуҷуд меояд. Астма ҳолатест, ки ба он ёрии ниҳоят таъҷилии тиббӣ зарур мебошад. Ҳангоми хурӯҷи ҳама навъҳои астма беморро озод (бо пойҳои овезон) шинондан ва ҳавои тоза додан сабукӣ меоварад. Доруҳои зидди астмаро танҳо бо маслиҳати духтур истеъмол бояд кард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]