Атоуллоҳи Ҳусайнӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ)
Атоуллоҳи Ҳусайнӣ
Таърихи таваллуд: 1513

Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ (форсӣ: عطاالله محمود حسینی‎; садаи XV — 1513, Машҳад) — шоир, нависанда, назариядон ва адабиётшиноси форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Улуми мутадовилаи замон, забону адабиёти фор­сӣ ва арабиро дар Ҳирот омӯхт. Баъд аз хатми таҳсил дар мадрасаҳои Ҳирот – Ихлосия, Султония ва ғайра ба тад­рис машғул шуд. Бо бузургони илму адаби садаи XV Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Абдулғафури Лорӣ ҳамсуҳбат будааст ва аз афкору андешаҳои назарии он­ҳо баҳра бардоштааст. Аз Атоуллоҳи Ҳусайнӣ ду асар — «Бадоеъу-с-саноеъ», «Рисолаи қофия» ва шеърҳояш ба тавассути манобеи адабӣ ва асарҳои номбурдаи илмиаш боқӣ мондаанд. Атоуллоҳи Ҳусайнӣ афкори назарии адабиётшиносони форс-тоҷик ва навиштаҳои донишмандони арабро оид ба саноеи бадеӣ то андозае ҷамъбаст карда, андешаҳои худро дар асарҳояш иброз намудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бадоеъ-ус-саноеъ // Бо сарсухан ва тавзеҳоти Р. Мусулмонқу­лов. Душанбе, 1974.