Аҳдномаи Мэрҳо

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.

Аҳдномаи Мэрҳо[1] ташаббуси асосии аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо оғозшуда аст, ки мақомоти маҳаллӣ ва минтақавиро дар самти гирифтани ӯҳдадории ихтиёрӣ оид ба афзоиш додани самаранокии энергия дар ҳудудҳои мувофиқи худ муттаҳид месозад. Бо ин ӯҳдадории худ имзокунандагони Аҳднома ният доранд, ки то соли 2020 партови CO2-ро ақаллан 20% кам карда, ҳамин тариқ ба рушди сабзи иқтисодӣ ва беҳтар шудани сифати зиндагӣ ҳисса гузоранд.

Аҳдномаи Мэрҳо бори аввал дар соли 2008 аз Комиссиюни Аврупо бо мақсади мувофиқа ва дастгирӣ кардани иқдомҳои мақомоти маҳаллӣ дар самти таҳия ва татбиқи ҳадафҳои КА дар соҳаи иқлим ва энергия роҳандозӣ шуда буд. Баъдан, бархӯрд ва усулҳои он дар хориҷ ҳудуди Аврупо акси садо ёфтанд ва имзкунандагони нав аз кишварҳои дурдасте аз қабили Аргентина ва Зеландияи Нав ба он пайвастанд.

Аз сабаби хусусиятҳои беназири худ – яъне ягона ҳаракате, ки омилони миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллиро ба амалисозии ҳадафҳои энергетекӣ ва иқлимӣ сафарбар мекунад – Аҳдномаи Мэрҳо аз ҷониби муассисаҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамчун модели беҳамтои идоракунии бисёрсатҳӣ ҳисобида мешавад.

Имзокунандагони Аҳдномаи Мэрҳо[вироиш]

Мақомоти маҳалли андозаашон гуногун аз деҳаҳо сар карда то пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузург, аз қабили Киев, Лондон, Париж ё Тифлис метавонанд Имзкунандагони Аҳдномаи Мэрҳо бошанд.

Мақомоти маҳаллӣ дар коҳиш додани таъсироти иқлим нақши муҳим доранд, алахусус бо назардошти он, ки 80% масрафи энергия ва партови CO2 бо фаъолияти шаҳрҳо алоқаманд аст. Дар сурати аз ҷониби ҳукумати миллии худ дастгирӣ ёфтан, мақомоти маҳаллӣ, дар самти тағир додани муносибати шаҳрвандон ва ҳалли ҳамаҷонибаи масъалаҳои иқлим ва энергия мавқеи идеалӣ доранд, алахусус тавассути мувофиқа намудани манфиатҳои ҷамъиятӣ ва шахсӣ ва ҳамбаста кардани масъалаҳои энергияи устувор бо ҳадафҳои умумии рушд.

Ҳамроҳ шудан ба Аҳдномаи Мэрҳо ба мақомоти маҳаллӣ барои таъмин кардани муҳити аз ҷиҳати экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ устувор барои шаҳрвандон, тақвият додани иқдомот оид ба коҳиш додани СО2 дар ҳудуди худ ва манфиат бардоштан аз дастгирии Аврупо ва байналмилалӣ, эъироф ва амалияҳои беҳтарин имконот фароҳам.

Ӯҳдадориҳои расмӣ[вироиш]

Доираи амали Аҳдномаи Мэрҳо аз баёнияи муқаррарӣ оид ба ниятҳо васеътар аст. Дар ҳақиқат, барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои додашудаи партови СО2, ки худи онҳо гузоштаанд,имзокунандагон ӯҳдадор мешаванд як қатор амалҳоро иҷро кунанд, пешниҳоди ҳисоботро бар дӯш гиранд ва фаъолияташон назорат карда шавад. Дар давоми мӯҳлати муқаррашуд онҳ ӯҳдадор мешаванд корҳои зеринро иҷро кунанд:

  • Омода кардани Феҳристи Заминавии Партовҳо, таҳия ва татбиқи сиёсати маҳаллии энергияи устувор;
  • Таъсиси сохторҳои маъмурии мувофиқ, аз ҷумла ҷудо кардани захираҳои инсонии кофӣ барои амалӣ сохтани сиёсат тавассути амалҳои зарурӣ;
  • Дар дар давоми як сол пас аз расман пайвастан ба ташаббуси Аҳдномаи Мэрҳо, пешниҳод намудани Нақшаи Чорабиниҳои Энергияи Устувор ва ба он ворид кардани чорабиниҳои мушаххас оид ба ақаллан 20% коҳиш додани партови CO2 то соли 2020 дар муқоиса бо соли заминавии интихобшуда;
  • На камтар аз як маротиба дар ду сол пас аз пешниҳоди Нақшаи Чорабиниҳои Энергияи Устувор, пешниҳод кардани ҳисобот оид ба амалисозӣ бо мақсади баҳодиҳӣ, мониторинг ва санҷиш

Барои мутобиқат кардан ба ниёзҳои муҳим оид ба созмон додани зарфияти идоракунии энергетикии худ ва сафарбар кардани ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ ба таҳияи Нақшаи Чорабиниҳои Энергияи Устувор, имзокунандагон ӯҳдадор мешаванд:

  • Мубодилаи таҷриба ва ноу-ҳау бо мақомоти маҳаллӣ;
  • Ташкил кардани рӯзҳои маҳаллии энергия бо мақсади баланд бардошатни сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар бораи рушди устувор ва сарфаҷӯии энергия;
  • Ширкат варзидан ва саҳм гузоштан дар маросими солонаи Аҳдномаи Мэрҳо, семинарҳои мавзӯӣ ва вохӯриҳои гурӯҳҳои муҳокимавӣ;
  • Ба таври қобили мулоҳиза паҳн кардани ғояи Аҳдномаи Мэрҳо, аз ҷумла, ҳавасманд кардани мэрҳои дигар барои пайвастан ба Аҳднома.

Нақшаҳои Чорабиниҳои Энергияи Устувор[вироиш]

Барои ноил шудан ва барзиёд иҷро кардани вазифаҳои бузурги худ, имзокунандагони Аҳдномаи Мэрҳо ӯҳдадор мешаванд, ки дар давоми як сол пас аз пайвастан ба ташаббус Нақшаи Чорабиниҳои Энергияи Устуворро (НЧЭУ - SEAP) таҳия намоянд. Ин нақшаи чорабиниҳо, ки онро шӯрои шаҳрдорӣ тасдиқ мекунад,фаъолият ва чорабиниҳои пешбиникардаи имзокунандагонро дар самти иҷрои ӯҳдадориҳояшон бо таъини мӯҳлатҳо ва масъулиятҳо дарбар мегирад.

Як қатор маводи мухталифи техникӣ ва методологӣ (аз ҷумла “Дастури НЧЭУ” ва намунаҳо, ҳисоботҳо дар бораи усулҳо ва василаҳои мавҷуда, ва ғ.) дар бораи тамоми раванди таҳияи НЧЭУ роҳнамоии амалӣ ва тавсияҳои возеҳ медиҳанд. Ин маҷмӯаи ёрирасон, ки ба таҷрибаи амалии мақомоти маҳаллӣ асос ёфта дар ҳамкории зич бо Маркази Муштараки Тадқиқотии Комиссиюни Аврупо таҳия шудааст, ба имзокунандагони Аҳднома принсипҳои асосӣ ва бархӯрди муназзамро шарҳ медиҳад. Ҳамаи ҳуҷҷатҳоро аз сайти www.eumayors.eu зеркашӣ кардан мумкин аст.

Ҳамоҳангсозӣ ва дастгирӣ[вироиш]

Танзимгарон ва Тарафдорони Аҳднома[вироиш]

Имзокунандагони Аҳднома на ҳамеша дорои имконоти мувофиқ (сохтори ташкилӣ, кормандони касбӣ, маблағҳо, пойгоҳҳои иттилоотӣ, омор, методикаҳо, воситаҳо ва захираҳои дигар) барои омода кардани Феҳристи Заминавии Партовҳо, таҳия ва татбиқи сиёсати маҳаллии энергияи устувор, таҳия намудани Нақшаи Чорабиниҳои Энергияи Устувор сиёсӣ ва маъмурии зарурӣ ва захираҳои молиявӣ ва техникӣ барои амалисозии ӯҳдадориҳои худ ҳастанд. Аз ин рӯ, дар доираи Аҳднома ба маъмуриятҳои давлатӣ ва шабакаҳое, ки дорои қобилияти кӯмак расонидан ба имзокунандагон дар ноил шудан ба ҳадафҳои бузурги онҳо ҳастанд, мақоми махсус дода шудааст

Танзимгарони Аҳднома он мақомоти давлатиии сатҳҳои гуногун (миллӣ, минтақавӣ, вилоятӣ) мебошанд, ки ба имзокунандагон дар таҳия ва амлисозии Нақшаҳои Чорабиниҳои Энергияи Устувор роҳнамоии стратегӣ ва дастгирии молиявию техникӣ пешкаш мекунанд. Комиссия онҳоро ба Танзимгарони Минтақавӣ, ки мақомоти зермиллии номутамарказ, аз ҷумла ҳукуматҳои вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо, ҳастанд ва Танзимгарони Миллӣ, ки мақомоти сатҳи миллӣ, аз қабили агентиҳо ва вазоратҳои энергетика, мебошанд, тақсим мекунад.

Тарафдорони Аҳднома шабакаҳо ва ассотсиатсияҳои байналмилалӣ, миллӣ ва минтақавии мақомоти маҳаллӣ мебошанд, ки фишанги фаъолияти лобби, тамосӣ ва шабакавиро барои пешбурди ташаббуси Аҳдномаи Мэрҳо истифода мекунанд ва имзокунандагони онро дастгирӣ менамоянд

Дафтари Аҳдномаи Мэрҳо[вироиш]

Дафтари Аҳдномаи Мэрҳо ба имзокунандагон ва ширкаткунандагони Аҳднома ҳамарӯза кӯмаки таблиғотӣ, техникӣ ва маъмурӣ мерасонад. Котиботи марказӣ дар Брюссел (Белгия) воқеъ буда, ду дафтари фаръии дигар дар Лвов (Украина) ва Тифлис (Гурҷистон) ҷойгир шудаанд, ки ба мақомоти маҳаллӣ дар кишварҳои шарики шарқӣ кумак мерасонанд. Ҳам котибот дар Брюсселӣ ва ҳам бахшҳо дар Лвов ва Тбилиси аз ҷониби консорсиуми мақомоти маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ идора карда мешаванд. Дафтари Аҳдномаи Мэрҳо дар Брюссел барои ҳамоҳангсозии умумии ташаббус масъул аст.

Муассиаҳои Иттиҳоди Аврупо[вироиш]

Барои кӯмак расонидан дар таҳия ва амалисозии Нақшаҳои Чорабиниҳои Энергияи Устувори имзокунандагон, Комиссиюни Аврупо ба созмон додани воситаҳои молиявии махсус баро имзокунандагони Аҳдномаи Мэрҳо саҳм гузоштааст, ки аз ҷумлаи онҳо Кӯмаки Энергияи Маҳалли Аврупо (ELENA) мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ ва ELENA-KfW таъсис ёфтааст. Он дар мушорикат бо German Group KfW бархӯрди дастгирии изофии сармоягузориҳоро ба шаҳрдориҳои андозаашон хурд ва миёнаро дар Аврупо роҳандозӣ кардааст. Бахши ба наздикӣ кушодашавандаи ELENA-East ҳамингуна кӯмакро ба имзокунандагон аз Украина, Молдова. Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон пешкаш хоҳад кард.

Дар баробари Иттиҳоди Аврупо, ташаббусҳои Аҳднома аз дастгириии институтсионалии ҳаматарафа бархурдоранд, аз ҷумла, аз ҷониби Кумитаи Минтақаҳо, ки ташабусро аз оғоз дастгирӣ менамояд; Парлумони Аврупо, ки дар онҷо маросими солонаи имзркунӣ баргузор мешавад ва Бонки сармоягузориии Аврупо, ки ба мақомоти маҳллӣ дар кушодани имкониятҳои сармояузориашон кӯмак мекунад

Маркази Муштараки Тадқиқотӣ[вироиш]

Маркази Муштараки Тадқиқотӣ (ММТ) барои пешкаш кардани дастгирии техникӣ ва илмӣ ба ташаббус масъул аст. Он дар ҳамкории зич бо Дафтарҳои Аҳдномаи Мэрҳо кор бурда, ба имзокунандагон дастурҳо ва қолибҳои возеҳи техникӣ пешкаш мекунад, то ки дар иҷрои ӯҳдадориҳо тибқи Аҳдномаи Мэрҳо ва мониторинги натиҷаҳои амалисозии Аҳдномаи Мэрҳо кӯмак расонад.

Инчунин дидан кунед[вироиш]

Истинодҳо[вироиш]

  1. http://www.soglasheniemerov.eu/IMG/pdf/TG_CoM_official_text_Tajik.pdf

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. Covenant of Mayors official Website
  2. Directorate-General for Energy
  3. Joint Research Centre
  4. Energy Cities
  5. Climate Alliance
  6. Council of European Municipalities and Regions
  7. Eurocities
  8. Fedarene