Аҳмади Хуҷандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмади Хуҷандӣ
Навъи фаъолият: шоир

Аҳмади Хуҷандӣ أحمد خجندی (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 17).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Хуҷанд ба дунё омада, ба камол расид. Ба сабаби нодорию тангдастӣ озими Ҳиндустон шуд. Аз ашъори боқимондааш (девони ашъораш дар Осорхонаи миллии шаҳри Деҳлӣ маҳфуз аст) бармеояд, ки Аҳмади Хуҷандӣ шоири тавоно, дорои истеъдоди фитрӣ ва дониши фаровон будааст. Абёти зерин аз ӯст:

Дар гулистони сухан ҳар кас, ки шуд гулчини мо,
Мезанад гул бар сар аз ҳар мисраи рангини мо.
***
Қатраҳои ашки Аҳмад дар гиреҳ дорад гуҳар,
Мекунад таъмир сад вайронаро селоби мо.
***
Аз санги ҷафо шишаи дил гарчи шарар дошт,
Ҳар пораи ӯ соғари хуршед ба бар дошт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мухторов А. Дурдонаҳои маданияти Тоҷикистон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон. Д., 1984.