Аҷубату-л-масоил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури холии Викидода

Аҷубату-л-масоил (дурусташ: «Аҷви­бату-л-масоил», ар. اجوبة المسائل‎) — асари Наҷмуддини Тӯсӣ роҷеъ ба фалсафа. Дар он муаллиф посухҳои хешро дар пурсишҳои Садруддини Қунавӣ дар бораи вуҷуд, моҳият ва ихтилофи сифоти мардум матраҳ намудааст. «Аҷубату-л-масоил» дар баъзе маъхазҳо бо номи «Аҷубат-ун-Насирия» ва «Муфовазот» ёд шудааст. Вале охирӣ номи китоби дигари ҳамин муаллиф аст. Нусхаҳои хаттии он дар Эрон ва дигар кишварҳо бисёранд, аммо то ба ҳол ба табъ нарасидаанд. Бо ҳамин ном ду асари дигар низ маъруфанд, ки яке асари Муҳаммад Каримхони Кирмонӣ буда, дар Бомбай соли 1896 ба табъ расидааст. Онро «Сӣ фасл» низ номидаанд. Китоби дигар аз пайрави фирқаи шайхия Зайнулобидин Амир Иброҳимист, ки бо шарҳи ҳадиси фиқҳи разавӣ дар Табрез чоп шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]