Jump to content

Ба қуллаҳои дониш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Ба қуллаҳои дониш» - нашрияи УДТ ба номи В.И. Ленин, ДДМТ ва ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Рӯзномаи мазкур 7 октябри соли 1956 бо ибтикори номзади илмҳои филология Абдулатиф Бухоризода, ки котиби кумитаи Ҳизби коммунисти Донишгоҳ буд, таъсис ёфт. Дар даврони шӯра­вӣ ҳафтае як маротиба ба ду забон – русӣ ва тоҷикӣ нашр мешуд. Аз соли 2009 бо ибтикори ДМТ дар ҳаҷми 16 саҳ., нахуст моҳе ду маротиба ва аз соли 2010 ҳафтае як маротиба бо тасвирҳои рангин чоп мешавад. Дар «Ба қуллаҳои дониш» донишмандон ва шахсиятҳое ҳамчун Воҳид Ас­рорӣ, С. Гулов, Баҳриддин Камолиддинов, А. Маҳмадаминов, А. Мухторов, М. Муҳаббатшоев, Баҳром Шермуҳаммадов ва дигарон ба ҳайси сардабир ё масъули нашри ҳафтанома ифои вазифа кардаанд. «Ба қуллаҳои дониш» дар сафаҳоти худ рафти таълиму тад­рис ва охирин рӯйдодҳои илмию фарҳангии Дониш­гоҳро инъикос мекунад. Дар нашрия инчунин намунаҳо аз эҷо­ди бадеӣ, баррасӣ ва нақду пажӯҳишҳои дониш­ҷӯён мунташир мешавад. Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафиева, Саидалӣ Маъмур, Раҳмат Назрӣ ва диг. нахустин намунаҳои осори хешро дар ин нашрия ба табъ расондаанд. «Ба қуллаҳои дониш» дар тарбия ва такмили истеъдоди адибон, донишмандон ва рӯзноманигорони ҷавон хидмати шоён кардаву мекунад, ки бисёре аз онҳо имрӯз дар наш­рияҳои марказии кишвар, телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, инчунин дар донишгоҳҳову муассисоти илмӣ-фарҳангӣ муваффақона фаъолият доранд. Адади нашраш 8 ҳазор нусха (2012).

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

  • ДДМТ (марҳалаи асосии таърихӣ). - Душанбе 2008;
  • «Ба қуллаҳои дониш». 2011, № 16–17.