Бадеъии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бадеъии Самарқандӣ

Мавлоно Юсуф Бадеъии Самарқандӣ (форсӣ: مولانا یوسف بدیعی سمرقندی[1]; ? - 1485, Сарахс) — адиб ва суханвари тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз зиндагонӣи ӯ иттилоот андаке бар ҷой мондааст[2]. Аслан аз Андиҷон буда, дар Самарқанд касби камол кардааст. Дар замони салтанати Ҳусайни Бойқаро (ҳукмр. 1469–1506) ба Ҳирот рафта, ба ҳалқаи наздикони Навоӣ ворид гардид. Б. дар арӯз, бадеъ ва муаммо устоди комил буд. Дар баёни қоидаҳои муаммо рисолае таълиф кардааст. Мувофиқи гуфтаи Навоӣ қабраш дар хонақоҳи Шайх Нуъмон будааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. زندگینامه مولانا یوسف بدیعی سمرقندی( متوفی۸۹۷ه.ق) | | علماوعرفا(форсӣ). olama-orafa1393.ir. 6 июли 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 июли 2017.
  2. بدیعی سمرقندی. مرکز دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. 5 апрели 2023 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • نوایی علیشیر. مجالس النفایس. تهران، ۱۳۶۳ هـ. ش

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]