Бадеъ ат-Турк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бадеъ ат-Турк
Навъи фаъолият: шоир

Бадеъ ат-Турк (ар. بدیع الترک‎; Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Оҷӣ; соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири зуллисонайни садаи XII. Ба забонҳои форсӣ ва арабӣ шеър эҷод кардааст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар манобеи адабӣ дар бораи рӯзгори Б. маълумоте дарҷ нагардидааст. Аз осораш намунаҳое дар «Лубобу-л-албоб»-и Авфӣ, «Ҳадоиқу-с-сеҳр фӣ дақоиқ-иш-шеър»-и Рашидуддини Ватвот, «Харидату-л-қаср ва ҷаридату-л-аср»-и Имодуддини Исфаҳонӣ (1125—1200) оварда шудаанд. Имодуддини Исфаҳонӣ Бадеъ ат-Туркро зодаи деҳае дар наздикии Табрез гуфта, Ризоқулихони Ҳидоят ӯро ба унвони «Ҳаким» ёд карда, мегӯяд, ки Турку қалъаест дар Сиистон ва Бадеъ ат-Турк дар ҳамон ҷой ба дунё омадааст. Аз намунаҳои осори Бадеъ ат-Турк бармеояд, ки дар навъҳои қасида, рубоӣ, қитъа шеър мегуфтааст. Мавзӯи ашъораш мадҳ, васф, фахр, панду андарз мебошад. Ба туркӣ шеър гуфтани Бадеъ ат-Турк дар ягон манбаи адабӣ қайд нашудааст, вале дар ашъори арабияш ӯ аз қавми турк буданашро ёд кардааст. Ин навъ фахрия дар шеъри арабизабони Хуросону Мовароуннаҳр ҳодисаи бесобиқа буд ва баъд аз ӯ ҳам ба назар намерасад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ватват Рашид ад-дин. Сады волшебства в тонкостях поэзии (Хадаик ас-сихр фи дакаик аш-ши`р). М., 1985;
  • رضا قلیخان هدایت. مجمع الفصحا. بخش اول از جلد اول. تهران، ۱۳۸۲ هـ. ق؛
  • محمد عوفی. لباب الالباب. تهران، ۱۳۶۱ هـ. ش؛
  • الاصفهانی عماد الدین. خریدة القصر و جریدة العصر. تهران، ۱۳۷۸ هـ. ش