Байтиқӯрғонии 424

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Байтиқӯрғонии 424 — навъе аз харбузаҳои миёнсолӣ.

Давраи нашваш (аз неш зада баромадани тухмӣ то пухта расидан) 85—96 рӯз. Шаклаш дарозрӯя (28,5—35 см), вазнаш 4,1—6 кг. Пӯсташ суфта, ғафс, тӯрнок. Рангаш зарди баланд. Мағзаш (1,5—5 см) сафед, карсосии сероб ва ширин. Дар таркибаш 8,45—9,4 % қанд (аз ҷумла, 4,9—6,5 % сахароза) ва 9,9—10,2 % моддаҳои хушк ҳаст. Тухмаш дарозрӯя, зарди баланд. Аз ҳар га 250—300 сентнер ҳосил мегиранд. Байтиқӯрғонии 424-ро тар мехӯранд ва мехушконанд. Ба камобӣ тоб оварда, дар заминҳои лалмӣ ҳосили хуб медиҳад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Дастури полизкор ̸ Мураттибон Файзиев Х., Шукуров Н., Силвандер В. Г. Д., 1987.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]