Банҷ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Hyoscyamus niger - Köhler–s Medizinal-Pflanzen-073.jpg
Hyoscyamus niger

Банҷ базрулбанҷ, шайтонкоса (лотинӣ: Hyoscýamus níger), гиёҳи дусола, мансуби авранҷиҳо.Баландиаш 20-125см. Пояи рост, сершоҳ, барги байзашакл ё нештаршакли дарозрӯя, гули сафеди зардтоб, ғӯзаи кӯзачашакли сертухм,мудаввар ё гурданамои бӯртоб ё сиёҳ дорад. Аз апр. то сент. гулу мева мекунад. Гиёҳи басо зарҳнок ва бадбӯй, ҳамчун алафи бегона дар боғу киштзор, заминҳои бекорхобида,наздикии истиқоматгоҳ,канори роҳ,марғзору буттазор ва ғ, месабзад. Б.хурдрӯй дар Европаи Миёна,кишварҳои Скандинавияю Баҳри Миёназамин ,Балкану Осиёи Хурд Эрон,Муғулистону Хитой ва СССР (қисми Европой, Қрим, Кавказ, Сибири Ғарби ва Шарқи, Шарқи Дур, Осиёи Миёна) паҳн шудааст. Ба Америкаи Шимоли ва Австралия низ бурдаанд.Ҳамчун гиёҳи дустор ва баъзе кишварҳои Европа ва СССР (Украина, вил.Воронеж) мекоранд. Дар РСС Тоҷ.дар ҳама ҷо (ғайри Помири Шарқи) панҳ шудааст. Барги Б. ҷуъзи таркибии доруи астматол ва астматин буда, дар амалияи тибби муосир барои муолиҷаи зиққи нафас ва ғ. истифода мешавад. Б.алкалоидҳои заҳрноки гиосциамин, атропин ва скополамин дорад.