Баргинозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Баргинозӣ — навъе аз харбузаҳои миёнсолӣ. Ба гурӯҳи навъҳои амирӣ мансуб аст.

Баъди 90–100 рӯзи кишт мепазад. Ҳар палакаш 2–3 харбуза мебандад. Тухмшакли сертӯр, рангаш зарди кушод, пӯчоқаш тунук. Вазнаш 3–4 кг. Баъди пухтан аз бандаш зуд ҷудо мешавад. Мағзаш (4–5 см) сафеди зардча, сахти карсосӣ, сершира, таъми нокро дорад. Дар таркибаш 7,8–9,1% қанд ва 8,3–10,6% моддаҳои хушк мавҷуд аст. Тухмаш миёна, паҳни дароз, зарди кушод (ҳар харбуза 580–589-то тухм дорад, ки 0,68%-и вазни онро ташкил медиҳад). Аз ҳар га 180 (ноҳияи Хуҷанд) – 253 сентнер (ноҳияи Зафаробод) ҳосил меғундоранд. Ба камобӣ тобовар аст; дар заминҳои сернам ҳосилаш бештар мекафад. Баргинозиро қисман хушк ҳам мекунанд. Онро 10–15 шаборӯз нигоҳ доштан ва ба ҷойҳои дигар кашондан мумкин аст. Асосан дар вил. Суғд, водии Ҳисор, инчунин вил-ҳои Самарқанду Сурхандарёи Ӯзбекистон мепарваранд. Палакаш аз касалиҳои пажмурдашавии фузариозӣ ва гарда зарар мебинад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Сабзавоткории Тоҷикистон. Д., 1972; Гулмамадов М. Зироатҳои полизии Тоҷикистон. Д., 1985; Дастури полизкор. Д., 1987.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]