Баргрезонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мақолаи асосӣ: Хазонрез

Баргрезонӣ, дефолиатсия (аз лот. de — пешванд, ифодагари шуъба, азбайнбурдан, ва лот. folium — барг) — бо роҳи сунъӣ резондани барги рустанӣ.

Вертолёт, пошидани дефолиант ба ҷангалҳои Ветнам, 26 июли соли 1969.

Табиӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сунъӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо мақсади баргрезонӣ аз моддаҳои кимиёӣ (пеститсидҳо, дефолиантҳо) истифода мекунанд. Дар токзорҳо баргрезонӣ қабл аз ғунучини мошинии ҳосил гузаронда мешавад. Дар ниҳолхона баргрезониро баҳри осон шудани ниҳолкобӣ, кашондан, нигоҳ доштан, гирифтани қаламча (қабл аз фаро расидани сармо) истифода мекунанд. Солҳои охир баргрезонӣ дар гулпарварӣ низ маъмул гаштааст. Резондани барги буттаҳои садбарг рустаниро ба сармо ва таъсири ангезандаҳои касалиҳои бактериявӣ пурбардошт мегардонад. Кофта гирифтан ва нигоҳ доштани ниҳолҳои баргрехта (масалан, ток) нисбатан осон буда, инкишофи касалиҳои занбӯруғӣ хеле суст мешавад. Дар сурати риоя кардани қоидаҳои баргрезонӣ ҳосил зудтар пухта мерасад. Баргрезонӣ имкон медиҳад, ки моддаҳои ғизоӣ аз барг ба дигар узвҳои рустанӣ интиқол ёбанд. Таъсири дефолиантҳо ба рустанӣ гуногун аст. Барои токзор дефолианти беҳтарин хлорати магний мебошад. Онро ба ниҳолзор (ба ҳар га 800–1000 л маҳлули 1-фоиза) ва токзор (ба ҳар га 1000–1500 л маҳлули 1,5–2,5-фоиза) мепошанд. Ба рустаниҳо пагоҳӣ (10–15 рӯз пеш аз ҳосилғундорӣ) дору пошидан лозим. Бармаҳал резондани барг боиси аз ғизо мондани мева, камшавии ҳосил ва паст шудани сифати он мегардад. Шарти асосии баргрезонӣ дуруст тайёр кардани маҳлул ва риояи меъёри сарфи он аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]