Барселона

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Барселона
Barcelona collage.JPG
НишонEscut de Barcelona.svg ПарчамFlag of Barcelona.svg}
Кишвар: Испониё
Вилоят:
Ноҳия:
Замони таъсис:
Марказ:
Координатаҳо:
Иқлим:
Масоҳат (га):
Паҳноӣ(км):
Дарозӣ (км):
Аҳолӣ, ҳазор нафар: 1 615 448 (қайди 2011)[1]
Коди телефонӣ: +34 93
Нишонаи почта:
Вақт: UTC +
MapaBCNMetropolitana02.jpg

Барсело́на ((кат.) Barcelona , испанӣ: Barcelona) — дуюм шаҳри Испониё аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ, пойтахти Каталония (Вилояти Мӯхтори Каталония). Бандаргоҳ дар баҳри Миёназамин, ки 120 км аз сарҳади Фаронса қарор дорад. Бузургтарин маркази саноат ва тиҷорати Испониё мебошад. Яке аз мӯҳимтарин ноҳия туристӣ дар нақлиёти Аврупоӣ ба ҳисоб меравад.

Аҳолии Барселона — 1 615 448 нафарро ташкил мекунад (қайди 2011). Барселона — аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ дувум пас аз шаҳри Мадрид (пойтахти Испониё) ва даҳум дар Иттиҳоди Аврупо меистад. Музофоти Барселона 3 186 461 нафар сукунат мебаранд ва шумораи умумии аҳолии ноҳияи (провинтсия) Барселона — 4 928 825 нафарро ташкил мекунад.

Дар соли 1992 Барселона бозиҳои Олимпии Тобистонаи — 1992-ро гузаронид. Соли 2004 дар Барселона форуми фарҳанги умумиҷаҳони баргузор гашт. Моҳи марти соли 2010 Барселона пойтахти Иттиҳоди Баҳримиёназамин, ки 43 давлат дар ин иттиҳод дохил ҳастанд. Соли 2013 дар Барселона Чемпионати ҷаҳон дар намудҳои варзиши обӣ шуда гузашт.

Ҷуғрофия[вироиш]

Барселона дар қисми шимоли-шарқии нимҷазираи Иберий, соҳили баҳри Миёназамин дар ҳамворие, ки 5 км паҳнои дорад ва аз тарафи ҷануб бо қаторкӯҳҳои Колсерола (кат. Collserola) ва дарёи Лобрегат, дар қисми шимолӣ дарёи Бесос мавқеъ гирифтааст. Пиренея тақрибан 120 км шимолтар аз шаҳр дур аст.

Кӯҳҳои наздисоҳилии Колсерола манзараи шаҳрро ба шакли нимдавра монанд кардааст. Баландии аз ҳама нуқтаи баландтарини кӯҳи Тибидабо 512 метр аз сатҳи баҳр воқеъ шудааст ва аз паси ӯ бурҷи-антенна, ки дар кӯҳи Колсерола (баландӣ 288,4 м.) қарор дорад, аз ҷои дур намоён аст. Аз ҳама баландтарин нуқта дар сатҳи шаҳр, пуштаи Мон-Табер (кат. Mont Taber) аст, ки 12 метр баландӣ дорад ва дар он ҷомеъ Барселона қарор дорад.

Иқлим[вироиш]

Иқлими Барселона — баҳримиёназаминӣ аст, бо зимистони хушки нарм ва тобистони гарм ва намнок. Аз ҳама моҳҳои хунуктарин январ ва феврал мебошанд (ҳарорати миёна 10 °C), ва аз ҳама моҳҳои гарм — июл ва август (ҳарорати миёна 25 °C). Боришоти на он қадар зиёд дар моҳҳои октябр (қариб 90 мм); ва камтар — дар июл (қариб 20 мм).

Аҳолӣ[вироиш]

Мувофиқи маълумоти ҷомоати шаҳри Барселона аз 1 январи соли 2005, аҳолии шаҳр 1 593 075 нафар одамро ташкил мекард, шумораи Барселонаи калон 5 292 354 нафар (қайди 2006). Зичии аҳолӣ — 15 779 нафар дар ҳаряк км². 95 % аҳолӣ забони каталониро мефаҳмид, 76,4 % аҳолӣ бо ин забон сухан мекарданд, 75 % аҳолӣ бо ин забон мехонд ва 47 % метавонистанд бинависанд.

13,8 % аҳолӣ (219 941 нафар) мӯҳоҷирони Экуадор, Перу, Марокаш, Колумбия, Аргентина, Покистон, Чин ва Боливия.

Қисми асосии аҳолӣ ба дини насронӣ (католикӣ) ихлос доранд (дар шаҳр 208 ибодатхона). Дар шаҳр гурӯҳҳои камшумори евангелистҳо, шоҳидони Иегова ва будпарастон вуҷуд доранд.

Деҳаи Олимпӣ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Вся Барселона. Коллекция «Вся Испания». Русское издание. Editorial Escudo de Oro S.A., Barcelona
  • Гауди. Русское издание. Editorial Escudo de Oro S.A., Barcelona
  • Imatges de la ciutat de Barcelona al segle XX. Barcelona, 2000
  • Forcano Eugeni «La meva Barcelona», Barcelona, Madrid, 2010
  • Хью Кеннеди. Великие арабские завоевания, "Историческая бибилиотека", 2010

Сарчашма[вироиш]

  1. Национальный институт статистики Испании(исп.)