Барфӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ба даст афтодани паёмовари барфӣ ва гирифтор шуданаш ба маросими ҷазо. Амали рассом С. Имодинова

Барфӣ — маросими мавсимӣ, инчунин маъракаи зиёфат, оростани хони пазироӣ, як навъ бозиест, ки ба муносибати боридани барфи аввал дар сол баргузор мешавад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз замонҳои қадим дар байни мардуми тоҷик ва баъзе мардумони ҳамсояи онҳо, масалан, ӯзбекҳо маъмул аст. Пас аз боридани барфи аввал чанде аз сокинони деҳа, хешу ақрабо ҷамъ омада маслиҳат мекунанд, ки касе ба хонаи яке аз дӯстон, хешовандон барфӣ бибарад. Барфӣ матне буд навишта дар коғаз ба назм ё наср (бештар матни манзум маъмул буд). Шахси оварандаи барфӣ ба хонаи хеши интихобшуда меомад. Ӯ дар сари хони меҳмонӣ менишаст. Мактуб, номаи барфии овардаашро ноаён дар зери кӯрпача, болишт ва ё ҷойи дигаре мегузошт ва пас аз он ки аз хона ва ё ҳавлӣ берун мешуд, соҳибхонаро огоҳ мекард, ки ӯ қосиди оварандаи барфӣ мебошад ва худ роҳи гурезро пеш мегирифт. Агар қосид то хонаи худаш давида меомад ва аз ҷониби соҳибхона дастгир намешуд, ғолиб ба шумор мерафт ва соҳибхона маҷбур буд шартҳо, талаботу тақозои дар барфӣ навишташударо ба ҷо биёрад.

Дар солҳои 20-30 садаи ХХ дар шаҳрҳо яке аз матнҳои барфӣ хеле машҳур будааст, ки онро соли 1934 Обид Исматӣ дар маҷмӯъаи худ «Адабиёти даҳанакии халқ» овардааст.[1]. Яке аз матнҳои маъмули барфӣ бадин қарор аст:

Барф меборад ба фармони Худо,
Барфи нав аз мову «барфӣ» аз шумо.
Зарра-зарра барф меборад сафед,
Як зиёфат аз шумо дорем умед.

Дар поварақи ин матн ойид ба ин бозӣ шарҳи зерин омадааст:

«Барфӣ бозиест, ки ҳар сол дар вақти аввалин дафъа боридани барф ба ин тариқ месозанд: барфӣ, ки борид ҳамин ашъорро навишта ба касе, ки хоҳанд бурда медиҳанд. Агар ӯ пай бурда каси барфи бурдаро дорад, бозиро мебарад, вагарна маҷубр мешавад, ки таклифҳои мазмуни шеърро баҷо оварад» (с.25)

.

Матни мазкур дар байни мардум вариантҳои зиёд дорад, ки баъзе намунаҳои онро фолклоршинос Рӯзӣ Аҳмад мавриди таҳқиқ қарор додааст. Хеле ҷолиб аст, ки дар гузашта он шахсеро, ки номаи барфӣ меорад агар даст бигиранд ба рӯяш сиёҳии таги дегро молида, ба хар чаппа савор мекарданд. Ӯро то он даме, ки рӯзи зиёфатро дар шоҳидии гурӯҳи одамон таин накунад ба кӯчаҳо мегардонданд. Баъзе аз таслимшудаҳо аз сиёҳӣ молидан ва ба хар савор карда, дар кӯча давр занондан шарм мекарданду ваъда медоданд, ки ду бор зиёфат медиҳад.

Пирамарди 83-сола аз деҳаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ, Давлат Холов, ки аслан зодаи Норак аст, дар бораи барфӣ хотироти зеринро нақл кард:

«Дар солҳои бачагии мо барфӣ хеле маъмул буд. Ҳато аз як деҳа ба деҳаи дигар бо асп барфӣ мебурданд. Одамони ҳар деҳа вақти боридани барфи аввал бо ҳушёрӣ интизор мешуданд, шояд аз деҳаи ҳамсоя барфӣ ояд. Агар барфӣ омад, чанд ҷавонмард аз қафои ӯ бо асп давида, ҳаракат мекарданд, ки ӯро биқапанд. Агар шахси номаи барфӣ оварда, ба сарҳади деҳаи худ расад, дигар намегурехт. Бозиро мебурд. Баъд маслиҳат мекарданд, ки кадом рӯз дар хонаи кӣ зиёфат мешавад. Дар зиёфат ҳам шӯхӣ, ханда, сурудхонӣ, латифагӯӣ мекарданд».

Имрӯзҳо низ барфӣ чун одати қадим дар байни мардум боқӣ мондааст. Ҳатто дар шакли хеле сода дар байни духтарон ва писарон низ дида мешавад. Яъне ҷавоне дар як варақ менависад, ки

«Барфи аввал, бохтӣ як зиёфат!»

ва ин навиштаро оҳиста бо баҳонае ба дӯсти худ медиҳаду чанд қадам гурехта мегӯяд, ки «бохтӣ!». Агар барфигиранда ҳис кунаду ҳамон замон барфидиҳандаро аз дасташ биқапад,

«барфиро бурдам!» мегӯяд.

[1].

Баъзан барфиро ба шакли мувашшаҳ менавиштанд, то ин ки каси онро гирифта ба зудӣ аз барфӣ будани он огоҳ нагардад:

Ба чашмони хуморолудаат, эй маҳ, гирифторам,
Рухат бинмо, қиёмат кун, аҷоиб номае дорам.
Фитода бар сари роҳат в-агар сар бар замин дорам,
Яке ҳарфе зи ҳар мисраъ ба маънӣ муддао дорам.

Аз сарҳарфи мисраъҳо калимаи «барфӣ» ҳосил мешавад[2].

Рӯзи боридани барфи аввал мардум ба омадани қосидон — оварандагони барфӣ омода мешуданд. Соҳибхона аҳли хонаводаро таъкид мекард, ки аз дасти ҳар касе нома нагиранд ва ё агар нома оварда шавад, ба дастгир кардани қосид омода бошанд. Баъзан барфиро аз деҳае барои аҳли деҳаи дигар меоварданд. Барои дастгир намудани қосид сокинони деҳа аспҳоро зин карда нигоҳ медоштанд, то ин ки аз паси қосид битозанд ва ӯро дастгир бикунанд. Дар ин ҳолат манзараи завқовари пойгаҳ ба вуқӯъ мепайваст. Агар қосидоварандаи барфӣ дастгир мешуд, ӯро «ҷазо» медоданд, дар хар чаппа савор мекарданд, ба рӯяш сиёҳии дег мемолиданд, ба гарданаш бӯриёи куҳнаро меовехтанд ва ғайра. Инчунин шахси дастгиршуда ва ҳамроҳонаш маҷбур буданд шартҳои дар номаи барфӣ навишташударо иҷро намоянд. Аз маводди фолклории дар шуъбаи фолклори Инистути забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ҷамъ овардашуда бармеояд, ки маросими барфӣ дар шаҳрҳои калони Осиёи Марказӣ — Самарқанду Бухоро, дар вилояти Кашқадарё, водиҳои Ҳисору Хатлонзамин, кӯҳистони Рашту Дарвозу Помир ва дигар мавзеъҳо бо оростани хони пурнозу неъмат, сурудхонӣ, гӯрӯғлисароӣ, масхарабозӣ ва ғайра сурат мегирифт. Аз барфӣ дар осори хаттӣ ҳам маълумот дода шудааст. Масалан, шоир, хаттот Тамҳиди Самарқандӣ дар бораи баргузор кардани маросими барфӣ аз ҷониби занони Самарқанд сухан ронда, шеъри барфӣ иншонамудаи занонро овардааст:

Реза-реза барф меборад сафед,
Як зиёфат аз шумо дорем умед.
Хонаҳоро гарм сохта аз алав,
Дулмаҳову мантуву оши палав.
Нони тафтону мавизи соягӣ,
Гӯшти каклик пора карда хосагӣ.
Кулчаҳои кунҷидину ширмол,
Нону олуву дилафрӯзу анор…
Ҳофизи хушхону танбӯру дутор,
Ною ғижжак, дӯстони беғубор….

Маросими барфӣ дар байни тоҷикон то имрӯз (2013) ҳам бо андаке тағйирот боқӣ мондааст. Инчунин маросими мазкур дар Афғонистону Эрон ҳам вуҷуд дорад. Шахси паёмовари «Барфӣ» ҳамон рӯзи барфи аввал дар киса ё бағали худ онро пинҳон медорад ва бо баҳонае сӯи хонаи дӯсташ раҳсипор мегардад[3][4].

Барфӣ дар Афғонистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Тарзи баргузории бозии «Барфӣ» дар Афғонистон ба бозии барфии Тоҷикистон шабеҳ аст. Фақат дар номаи барфӣ дар Афғонистон гоҳе матни зебои насрӣ низ менависанд, ки дар он ҳамоно гуфта мешавад, ки агар бохтед зиёфатро омода кунед. Маъмулан номаро тавассути як шахси зираку чусту чолок ирсол менамоянд.

Дар Кобул, Ҳирот, Мазоришариф ва ҷойҳои дигар навъи дигари бозии барфӣ аст, ки он маъмулан дар байни хешовандон ва ашхоси бисёр наздик сурат мегирад. Барфидиҳанда дар ҳамон рӯз ё шаби боридани барфи аввал, як дона аз меваро (масалан себро) мегираду дарунашро бо корд сӯрох мекунад. Дар он сӯрохӣ барф пур мекунад ва он як дона меваро дар канори меваҳои дигар, дар лаълӣ, ё табақ мегузорад. Дар таги лаълӣ номаи барфиро мениҳад, ки дар он мисраҳои зерин аст:

Барф меборад паёпай аз ҳаво,
Барфии мо бод болои шумо
Сандалиро гарм созед аз алав,
Рӯи дастархон оредаш палав.
Гӯшти мурғу думбабирёни сара,
Ҳам кабоби дошӣ аз гӯшти бара.
Кулчаи шириву нони равғанӣ,
Ҳам фатири гарми сохти мейҳанӣ.
Анҷиру себу дилафрӯзу анор,
Пиставу бодом ҳам ояд ба кор.
Ҳамчунин бошад бо мо ҳамнишин,
Чанд тан аз ёрону дӯстони қарин.

[1].

Барфӣ дар Эрон[вироиш | вироиши манбаъ]

Тавре ки мардумшинос Анҷавии Шерозӣ дар китоби худ «Ҷашнҳо ва одобу мӯътақидоти замистон» навиштааст дар Эрон истилоҳи «Барфи кардан» маъмул аст. Дар манотиқи гуногуни Эрон мардум ақида доранд, ки барфи аввал нишотовар ва мояи баракат аст. Бештар барфи крданро занон ба роҳ меандозанд. Дар устони Марказӣ ва ҷойҳои дигар каме барфро ба дастмоле ва ё порчае баста, ба писараки чобуки 8 то 14 сола медиҳанд.

Писарак барфи бастаро ба хонаи маврида назар мебарад ва баробари боз кардани баста бояд фирор кунад. Агар писарак дастгир нашавад, он гоҳ пирӯзӣ мансуб ба хонаводае аст, барфӣ ирсол кард. Хонаводаи мағлуб бояд зиёфати оши ришта бидиҳад. Агар писарак дастгир бишавад, он гоҳ рӯи ӯро бо таҳдег, ё сурма сиёҳ мекунанд ва мегӯянд:

«Бирав, ба модарат бигӯ хеле заҳмат кашидӣ!»

[1]. Ҳар тарафе, ки бохт чанд тан аз занонро ба зиёфати оши ришта даъват мекунанд

Хеле ҷолиб аст, ки мардуми Мозандарон, на фақт ҳангоми боридани барфи аввал, балки ҳар гоҳ, ки барф борид барои якдигар «барфнома» мефиристанд ва ин чанд мисраро ба коғазе менависанд:

Барф меборад чу Ҷайҳун аз ҳаво,

Қосиди мо омад сӯи шумо.

Қосиди моро агар кардӣ сиё,

Ширинӣ дорад тааллуқ бар шумо.

Гар накардӣ рӯи қосидро сиё,

Ширинӣ ҳозир намо аз баҳри мо.

Рафти бозӣ тавре ки дар боло овардем мисли ҳамон аст. Дар баъзе аз манотиқи устони Форси Эрон ҳангоме ки дастмоли барфи бастаро медиҳанд, агар тарафи муқобил бастаро гирифт, диҳандаи баста фарёд мезанад: «Барфи мо хонаи шумо, кочии шумо хонаи мо!» дар ин сурат бозанда кочӣ мепазад ва меҳмонӣ медиҳад. Кочӣ як навъ хӯрок аст, ки бо орд, равған, шир ва зарчӯба пухта мешавад.[1]. Аз мисолҳои боло маълум мешавад, ки рафти бозӣ дар аксари кишварҳои форсизабон ба ҳамдигар хеле монанд аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 www.bbc.com. Зарра-зарра барф меборад сафед: барфӣ дар кишварҳои форсизабон(тоҷ.) (16 Декабри 2013). 20 ноябри 2021 санҷида шуд.
  2. Ба хатти порсӣ
  3. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Ирфон», 2016, — С. 88
  4. ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аҳмадов Р. Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. Д., 2007.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]