Басир Расо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

{{Orphan|date=ноябр 2018

Басир Расо
Басир Расо
Акс:Басир Расо.JPEG
Таърихи таваллуд: 13 июл 1931(1931-07-13)
Зодгоҳ: ноҳияи Ванҷ
Таърихи даргузашт: 12 июл, соли 2010 (79 сола)
Навъи фаъолият: шоир, нависанда,журналист

Басир Расо - рӯзноманигор, шоир, нависанда, сармуҳаррири моҳномаи «Хорпуштак» ва адиби шинохтаи тоҷик буд. Узви Кумисюни оштии миллӣ. «Ходими шоистаи маданият» ва нишони «Аълочии матбуоти тоҷик». Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1962) ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1971)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Басир Расо 13 июли соли 1931 соли 1931 дар деҳаи Водхуди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст.

  • 1948-1949 ба ҳайси пионервожатийи калони хонаи бачагон ва мактаби миёнаи маркази ноҳияи Ванҷ,
  • 1949-1951 мудирии шуъбаи мактабии Кумитаи комсомоли ноҳияи Ванҷро
  • 1951-1956 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, баъди хатми он фаъолияташ дар чунин самтҳо идома ёфтааст:
  • 1956-1959 - ходими адабӣ, котиби масъули маҷаллаи «Хорпуштак»;
  • 1952-1962 - мудири шуъбаи адабиёт ва санъат, котиби масъули рӯзномаи «Маориф ва маданият»;
  • 1962-1964 - котиби масъули маҷаллаи «Хорпуштак»;
  • 1964-1977 - муҳаррир (он вақт муҳаррири аввал ё сармуҳарриро бо ҳамин унвон ишора мекарданд)
  • 1977 - 1991 ва аз миёнаи солҳои 90-ум баъди аз нав эҳё шудани «Хорпуштак» то охири ҳаёт сармуҳарририи ҳамин маҷаллаи ҳаҷвиро ба зимма дошт.[1]

Басир Расо дар синни 79-солагӣ 11 июли соли 2010 дар Душанбе аз ҷаҳон чашм пӯшид.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти эҷодии Басир Расо аз соли 1956 оғоз шудааст. Устод Басир Расо адибест, ки дар назми тоҷик соҳибравия буда, усулу услуби ба худ хоси эҷодиро касб кардааст. Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Дар боргоҳи нур», «Нидои дӯст», «Инқирози 20-30», «Баҳори орзӯ» ва ғайра ба табъ расидаанд. Дар шеърҳои лирикиаш ӯ бо як ҳассосияти том анъанаҳои ба жанри ғазал ва тарзи классикии эъҷоди он содиқ мондааст. Ин дар шеърҳояш «Баски аз лутфи рӯш маҳҷурем», «Маҳбуби дилҳо паймон надорад» «Ҳавас аст», «Интизорӣ», «Бо ёди ту», «Дил мубталостӣ», «Дармоне на- монд», «Дил хун намудаем», «Биншин нафасе, ки бо ту коре дорам», «Дил чун ниёзманд ба он як нигоҳи туст», «Гар биёи ба тағофул саҳаре хонаи мо», «Диле ку, к-аз ғамат дилхун набошад», «Эй дил ҳавои дилбари номеҳрубон макун» ва ғайра бараъло ба назар мерасад. Шоир як ҳиссиёти ниҳоят нозуки дарки таърих дошт ва онро дар қолаби шеър ғунҷонида тавонистааст, ки на ба ҳар шоири баркамол ин муяссар шуда метавонад. Ин рӯоварӣ ба таърих дар шеърҳояш «Будаему дидаем», «Қадамгоҳи Восеъ», «Асри изтироб (Ё худ инқирози бисту сӣ») ва ғайра аз эҳсоси баландии таърихогаҳии ӯ дарак медиҳад.

Басир Расо гарчи муаллифи аксар мақолоти дар жанрҳои ҳикоя, памфлет, фелетон, шеърҳои ҳаҷвӣ, ва матни зераксҳои ҳаҷвии дар «Хорпуштак» ба табъ расида бошад ҳам, дар бисёр мавридҳо ё онҳоро бо унвони сармақола ва ё бо ишораи «Аз редаксия», ё ба шакли мустаор (бемуаллиф) ба чоп мерасонд. Адиб бемалол метавонист, муаллиф буданашро пинҳон надорад, чунки ҳифзи ӯ аз тарафи органҳои ҳизбию давлатӣ пурра таъмин карда мешуд. Вале, аксаран хоксорию фурӯтании беандозааш боло мегирифт. Намехост, ки дар ҳар рақами маҷалла чун муаллиф чанд бор номаш сабт шавад. Дар ин ҷода боз аз як чиз хотиррасон шудан ло- зим меояд, ки устод Басир Расо ба ҷуз аз шоирӣ носири ниҳоят нозукбин ва дақиқсанҷ буд. Ин маҳорати баланди ӯро таълифоти дар «Хорпуштак» рӯи чоп дида, бараъло нишон медиҳад.

Бо заҳмати ӯ шеъру достонҳои Расул Ғамзатов (Доғистон), Александр Блок, В.Брюсов, Константин Симонов, А.Сурков, А.Прокофев (Русия), Г.Абашидзе (Гурҷистон), Мӯсо Ҷалил (Тотористон), Қ.Маликов (Қирғизистон) ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Аз адабиёти халқҳои бародар бештар ба назми халқи арман рағбат дорад. Эпоси қаҳрамонии «Давиди Сасунӣ», шеъру достонҳои Е.Черенс «Сақои барзгар», Н.Зарян «Фирдавсӣ», Г.Эмин «Суруди Лорӣ», Л.Гурунс «Санги хонаи падар» ва дигар шоирони арманро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ӯ мураттиби тазкираи шоирони гузашта ва имрӯзаи арман «Сози Наирӣ» мебошад, ки соли 1972 дар рӯзҳои адабиёт ва санъати халқи арман дар Тоҷикистон ба нашр расидааст. Ашъори Б.Расо бо забонҳои булғорӣ, немисӣ, эстонӣ, русӣ, арманӣ, гурҷӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, озарӣ ва ғайра тарҷума ва нашр шудаанд.[2]

Аз ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Ибрози назари шоир доир ба ин фоҷиаи тоҷик дар асри муосир, ки давлатдории акнун ба пурраги эҳёшудаи худро, қариб бори дигар аз даст медод, дар шеърҳояш аз ҷумла «Худкушӣ». «Наҳси кайфар», «Табассум дар лабе меҳмон намешад» ва ғайра хеле барҷаста ба назар мерасад. Ба маҷрои осоштаи зиндагӣ ворид шудани ҷумҳурӣ барои шоир беҳтарин падидаи фараҳманд ҳисоб меёфт, Ӯ аз ин даҳои халқ, аз шахсиятҳое, ки дар таъмини бебозгашти сулҳи байни тоҷикон саҳмгузорӣ доштанд, ниҳоят сипогузор буда, амнияти абадии давлату давлатдории тоҷикро орзу мекард. Ин орзуи хешро дар хотимаи шеъри дар қолаби хамоса навиштааш «Илтиҷонома» чунин овардааст:

Эй фурӯғи ҳастӣ, эй Яздони пок,
Барвуҷудорандаи одам зи хок.
Буғзу озу кина, эй буду бақо,
Аз ниҳоди одамӣ берун намо.
Аз Худо хоҳам сафои зиндагӣ,
Нури раҳмат бо ҳама тобандагӣ.
Халқу ақвоме ки соҳибиззатаст,
Ҳофизи мулк асту соҳибдавлат аст.
Орифонаш порсову нуктадон,
Мардумаш рамзошнову шеърхон.
Сарвараш болобаланду гармрӯ,
Зубдаи меҳнаткашу хушфеълу хӯ.
Инчунин давлат зи халқи тоҷдор,
Асрҳо монад ба гетӣ устувор.
Аз Худои хеш дорам илтиҷо,
К-ӯст чун яктои бечуну чаро.
Ҳар куҷое номи тоҷик шуд баён,
Ояд аз ҳар гӯша «омин» дар забон.

Устод Басир Расо хиради волои азалӣ дошт. Аз ҳар мисраъ шеъраш ҷилои панду ҳикмат ба назар мерасад. Насиҳаташ нозуку ҳакимона аст ва бешак ба қалби ҳар фарди ҷомеа бетаъсир буда наметавонад.

Мукофоту чоизахо[вироиш | вироиши манбаъ]

Б.Расо аз соли 1962 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Бо унвони фахрии «Ходими шоистаи маданият» ва нишони «Аълочии матбуоти тоҷик» сарфароз гаштааст. Барои равнақу ривоҷи матбуот ва адабиёти тоҷик бо ордену медалҳои

  • «Байрақи Сурхи меҳнат»,
  • «Нишони фахрӣ»,
  • «Дӯстии халқҳо»,
  • «Меҳнати шоён»,
  • Меҳнати шуҷоатнок»
  • ва ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон қадр шудааст.[2]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]