Басит (васеъ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


БАСЍТ (ар. بسیط – фарох, васеъ, паҳншуда, густарда, сода), яке аз баҳрҳои панҷгонаи махсуси арӯзи арабӣ. Ин баҳрро барои он Басит номидаанд, ки дар аввали рукнҳои мустафъилуни он ду сабаби хафиф густаронида шудааст ва Халил ибни Аҳмад онро аз ҷузъви чоруми доираи якуми арӯзи арабӣ, яъне аз доираи Мухталифа дар шакли мусамман ҷудо кардааст. Басит рукни махсус надорад. Дар натиҷаи омехта шудани рукни асосии баҳри Раҷаз – мустафъилун (–V–) ва рукни асосии баҳри Мутадорик – фоилун (–V–) ба вуҷуд меояд. Барои сохтани дигар навъҳои ин баҳр аз зиҳофҳои рукни мустафъилун ва фоилун истифода мешавад. Мисолҳо доир ба баҳри Басит:

Басит-и мусаммани солим:

Чун хору хас рӯзу шаб афтодаам дар раҳат,

Бошад, ки бар ҳоли ман афтад назар ногаҳат. (Ҷомӣ).

мустафъилун /фоилун/ мустафъилун/ фоилун

– –V– /– V–/– –V–/––V–/–V–

Б.-и мусаммани махбун:

Донӣ, ки чӣ гуфт маро он булбул саҳарӣ?

Ту худ чӣ гуна одамӣ, к-аз ишқ бехабарӣ?! (Саъдӣ)

мустафъилун /фаилун/ мустафъилун /фаилун

– –V– /– V V–/– –V–/V V–

Б.-и мусаддаси солим:

Бар мустаманде макун чандин ситам,

К-ӯ барнаёрад зи дард аз ишқ дам.

(Насируддини Тусӣ). мустафъилун /фоилун/ мустафъилун

– –V– /– V– / – –V–

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳром Сирус. Арӯзи тоҷикӣ. Д., 1963; Муҳаммад Ғиёсуддин. Ғиёс-ул-луғот. Ҷ. 1. Д., 1987; Тоиров У. Қомуси қофия ва арӯзи шеъри Аҷам. Ҷ. 1. Д., 1994. У. Тоиров.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]