Баётӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Баётӣ» (форсӣ: بیاتی‎) Баёт

  • шуъбаи мусиқиест, дар мақоми «Кӯчак»-и «Дувоздаҳмақом». Аз нағмаи панҷум буда, як бонг дорад. «Баётӣ»-ро пештар (асрҳои 11–13) «Наврӯзи Асл» меномиданд. Олимони мусиқидони гузашта алҳони ҳар гӯшаву мақомро аз овози ҷонваре гирифтаанд. Вале алҳони «Баётӣ»-ро аз алҳони «Баёти Қадим» ҳосил намудаанд. Ромишгарон хусусияти хушоҳангию муассириашро ба назар гирифта, «Баётӣ»-ро бештар назди саҳронишинон, вазирону муншиён, инчунин занон, ҳангоми субҳдам иҷро мекарданд. Азбаски табиати алҳонии он хушку гарм аст, одатан дар фаслҳои тобистон ва тирамоҳ гӯш мекарданд. Дар фасли баҳор, ки табиаташ гарму тар аст, алҳони «Баётӣ» ба боду мизоҷи бод мутобиқати хуб дошта, таъсираш бештар мешудааст;
  • мавзӯи аслӣ ё шуъбаест дар таркиби насри мақоми «Наво»-и «Шашмақом», ки бо номҳои «Талқини Баёт» ва «Насри Баёт» меояд;
  • суруди классикиест, ки берун аз силсилаи «Шашмақом» дар байни мардум бо номи «Баёт», «Баёти ду», «Баёти се», «Баёти чор» ва «Баёти панҷ» маъмул аст;
  • сурудест, дар таркиби муғам (мақом)-ҳои озарбойҷонӣ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]