Баҳовиддин Ҷумъаев
Баҳовиддин Маҳмадназарович Ҷумъаев | |
Таърихи таваллуд | 12 март 1983 (41 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод (2011) |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат (2000-2005) |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон (2014) |
Баҳовиддин Маҳмадназарович Ҷумъаев (тав. 12 марти 1983, деҳаи Мадовра, , ҶШС Тоҷикистон) — иқтисодшинос. Номзади илмҳои иқтисодӣ (2011), дотсент, Аълочии маорифи Тоҷикистон (2014).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баҳовиддин Маҳмадназарович Ҷумъаев 12 марти соли 1983 дар деҳаи Мадовраи ноҳияи Панҷакент дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1989 ба гимназияи ба номи С. Айнии шаҳри Панҷакент дохил гардида соли 2000-ум онро хатм намуд. Баъд аз хатми гимназияи ш. Панҷакент ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд. Соли 2005 факултети соҳибкорӣ ва менеҷменти Донишкадаи сохибкорӣ ва хидматро аз рӯи ихтисоси 25010301-Иқтисодиёти ҷаҳон бо тахасссуси «иқтисодчии байналмилалӣ ва донандаи забони англисӣ» хатм намуд. Аз сентябри соли 2008 ба вазифаи устоди калони кафедраи туризм ва маркетинг ва феврали 2010 муттахассиси шуъбаи аспирантура ва кор бо донишҷӯёни аълохон гузаронида шуд. Аз сентябри соли 2010 дар вазифаи устоди калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон кор намудаааст. Айни замон дар вазифаи мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ фаъолият менамояд.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мавзуӣ таҳқиқотии ӯ ба «Рушди савдои хидмат дар партави воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо»[1] бахшида шудааст. Дар мақолаҳои илмии он паҳлӯҳои гуногуни рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити узвият ба Созмони умумиҷаҳонии савдо мариди таҳлил қарор дода шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Дотсент Ҷумъаев Баҳовиддин муаллифи бештар аз 65 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монография мебошад.
Китобҳо (Монографияҳо)
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фаъолияти рекламавӣ. - Душабе:Ирфон, 2010. – С. 170
- Актуальные проблемы развития торговли услугами в условиях вступления Республики Таджикистан в ВТО. – Душанбе:Ирфон, 2012. – 116с.
- Рынок телекоммуникационных услуг: состояние, проблемы и перспективы развития. – Душанбе:Ирфон, 2012. – 102 с
- Economic trends and forecasting of indicators of Tajikistan’s foreign trade// Tajikistan in transition. Can good macroeconomic policy combat poverty? Riga: Tiasu namu agenture, 2014 p. 174-180
- Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ. – Душанбе:Ирфон, 2018. - 274с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи расмии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат Бойгонӣ шудааст 1 апрели 2018 сол.