Баҳористон (деҳа дар н. Ҷаббор Расулов)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


БАҲОРИСТÓН (собиқ Чириқ), деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов. Аз Баҳористон то маркази ноҳия 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 340 нафар (2012). Мактаби таҳсилоти ибтидоӣ дорад, хонандагон таҳсили худро дар мактаби деҳаи Саричашма идома медиҳанд. Дар Баҳористон бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ мавҷуд аст. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Рахна обёрӣ мешаванд.

Манбаъ[вироиш | вироиши манбаъ]