Бедонабозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бедонабозӣ — бедона доштан ва ҷанги бедонаҳоро ташкил кардан.

Таърихи бозӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин навъи бозӣ аз замонҳои қадим дар байни халқи тоҷик, хусусан дар шимоли Тоҷикистон маъмул аст. Садриддин Айнӣ низ дар асараш «Мактаби куҳна» оид ба бедонабозӣ маълумот додаст. Ашхосе, ки ба бедонабозӣ машғуланд, бедонаро аз давраи чӯҷа буданаш дар қафасҳои махсус нигоҳ медоранд. Баъди ба воя расиданаш бедонаро барои ҷанг кардан омода месозанд. Барои бештар ром шудани бедона онро дар даруни остинашон низ нигоҳ медоранд.

Ҷанги бедонаҳо дар дохили бино мегузарад. Дар мобайни анбӯҳи одамон ду бедонаи ҷангиро ба муқобили якдигар сар медиҳанд. Бедонаҳо бо як ҷаҳиш ба якдигар ҳуҷум карда, муддате бо якдигар меҷанганд. Агар ҷангашон дер давом кунад, онҳоро аз якдигар ҷудо мекунанд, то лаҳзае дам бигиранд. Ҷанги бедонаҳо то давраи мағлуб шудани яке аз онҳо давом мекунад. Бедонаи мағлубшуда парвозкунон аз давра берун мебарояд. Баъзе бедонабозон бедонаро барои нағмасароиаш низ дар қафасҳои аз тӯр сохташуда нигоҳ медоранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]