Бекас (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бекас (шоир)
Меҳралӣ Бекас (форсӣ: بیکس‎)
Зодгоҳ: наздикии шаҳри Акбаробод Ҳиндустон
Таърихи даргузашт: 1725 – 1736
Маҳалли даргузашт: шаҳри Акбаробод Ҳиндустон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: забони порсӣ

Меҳралӣ Бекас (форсӣ: بیکس ‎) (с. тав. номаълум – ваф. Байни с-ҳои 1725–1736) — шоири форсизабони Ҳиндустон. Гузаштагонаш дар Акбарободи Ҳиндустон қозӣ буданд. Дар шеъру шоирӣ ба Мирзо Абдулқодири Бедил пайравӣ мекард. Муаллифи тазкираи «Сафинаи Хушгӯ» – Биндробан Доси Хушгӯ, ки бо Бекас ҳамсуҳбат шудааст, вайро чун шоири моҳир ва фозилу донишманд муаррифӣ намудааст. То имрӯз аз осораш намунаҳо ба тавассути тазкираҳо расидаанд.

Абёти зерин аз ӯянд:

Бекас, зи фироқ доғ дар дил мондӣ,
Бе васли нигор пой дар гил мондӣ.
Ҳарчанд талоши васли дарё кардӣ,
Лекин чун мавҷ сар ба соҳил мондӣ.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

بیندرابن داس خوشگو. سفینۀ خوشگو. پتنه، ۱۳۷۸ ه. ق.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]