Белбинӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Белбинӣ
Белбинии сафед (Scaphirhynchus albus)
Белбинии сафед (Scaphirhynchus albus)
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Scaphirhynchus Heckel, 1835

Белбинӣ (лот. Scaphirhynchus) — як ҷинси моҳиҳои дарёӣ аз оилаи тосмоҳиҳо.

Сари белшакл ва думи дароз (бо пулакчаҳои устухонӣ пӯшида шудааст) дорад. Белбинӣ то 1 м мешавад; вазнаш 2-9 кг.

Густариш[вироиш | вироиши манбаъ]

Ду намудаш дар Амрикои Шимолӣ (дар ҳавзаи Миссисипи) паҳн шудааст. Як намуди он (S. platorhynchus) то 90 см дарозӣ дошта, апрел-июн дар ҷойҳои санглохи шохоби дарё тухм мегузорад; онро шикор мекунанд. Намуди дигари белбинӣ (S. albus) то 1 м дарозӣ дошта, аз сабаби кам буданаш шикор карда намешавад. Дар ҳавзаи дарёҳои Баҳри Арал Pseudoscatirhynchus ном белбинӣ, ки 3 намуд (P. kaufmanii, P. hermanni, P. fedtschenkoi) дорад, дучор меояд. Дарозии тани онҳо 36-75 см, вазнашон то 2,5 кг аст. P. hermanni дар ҳавзаи дарёи Аму, P. fedtschenkoi дар ҳавзаи дарёи Сир ва P. kaufmanii дар ҳавзаи дарёи Аму ва поёноби Вахш дучор мешавад. Ғизояшон асосан моҳӣ ва ҳашароти обианд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Никольский Г. В. Рыбы Таджикистана. М.-Л. 1938;
  • Максунов Д. А. Промысловые рыбы Таджикистана. Д., 1968;
  • Ахроров Ф. А. Водные экосистемы Таджикистана. Д., 2009.