Белкин Борис Леонидович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Белкин Борис Леонидович
Белкин Борис Леонидович
Таърихи таваллуд 30 январи 1939
Зодгоҳ вилояти Тошканд, Ӯзбекистон
Фазои илмӣ доктори илмҳои байторӣ,байтор

Белкин Борис Леонидович (таваллуд 30.01.1939, ноҳияи Чинози вилояти Тошканд, Ӯзбекистон) — байтор, доктори илмҳои байторӣ (1986), профессор (1990). Ходими шоистаи илми Федератсияи Россия (1999), академики Академияи экологии Россия (2003), академики Академияи байналмилалии экологӣ (2005). Хатмкардаи Институти кишоварзии Самарқанд (1961). Корманди Институти тадқиқоти илмии хоҷагии халқи Тоҷикистон (1961—1965), сардухтури ветеринарии Раёсати истеҳсолии колхозу савхозҳои ноҳияи Ҳисор ва сардори Пойгоҳи муборизаи зидди касалиҳои ҳайвонот (1965—1967), аспирант ва корманди Институти байтории Тоҷикистон (1967—1971), ходими калони илмӣ (1971—1974) ва мудири лаборатория гигиенаи ҳайвонот (1974—1982)-и Институти чорводорӣ, директори Институти байтории Тоҷикистон (1982—1990) буд. Аз соли 1990 профессор кафедраи анатомия ва байтории Институти кишоварзии Орёл. Муаллифи 250 мақолаҳои илмист.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Гигиена содержание коров в условиях сухих субтропиков. Душанбе, 1978;
  2. Справочник сельского ветеринара. Душанбе, 1985.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи