Бибираҷабӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бибираҷабӣ, кампирхӯрак — навъе аз зардолуҳои маҳаллии қадимӣ; селексияи халқист.

Дарахташ садамонанд, сершохубарг, баргаш калони дилшакл, атрофаш дандонаҳои майда дорад. Нимаи март гул карда, охири июн мевааш мепазад. Мевааш майдаи нӯгтез, зарди сафедча, тобиши гулобӣ дорад (андозааш 3,6 х 3 ва 4 х 3,4 см, вазнаш 38–40 г); пӯсташ пашмакдор, гӯшташ хамирак, серобу ширин, хуштаъму хушбӯй, дар даҳон об мешавад, рангаш зардча; 23,4% моддаи хушк, 13,8% қанд ва 0,9 г/л туршӣ дорад. Донакаш майдаи нӯгтез, суфтаи қаҳваранг (вазнаш 1,2–1,4 г), аз гӯшташ ба осонӣ ҷудо мешавад, мағзаш пурраи ширин, пӯсти қаҳваранги сафедтоб дорад. Меваашро бештар барои тархӯрӣ истифода мебаранд. Ҳангоми хушкондан то 24,4% баргак ва 34,8% ғӯлинги хушсифати зардтоб ҳосил мешавад; ғӯлингаш мулоими часпак буда, донакаш зуд ҷудо мешавад (аз ин рӯ онро «кампирхӯрак» меноманд).

Бибираҷабиро дар саноати консерв низ истифода мебаранд. Дарахтони алоҳидааш дар боғҳои кӯҳнабунёди ноҳияи Конибодом дучор меояд. Дарахти 65–70-солааш 100–120 кг ҳосил медиҳад. Дар заминҳои санглох хуб нашъунамо карда, ҳосилаш сершира мешавад. Бибираҷабӣ ба сармо ва камобӣ тобовар аст. Аз касалии шилмшорӣ ва зараррасонҳо (мас., пармачӣ) каму беш зарар мебинад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Костина К. Ф. Абрикос. ВАСХНИЛ, 1936;
  • Плодоводство Таджикистана. Сталинабад, 1948.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]