Бистгонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бистгонӣ — истилоҳи молиявию идории асримиёнагӣ.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз садаи X дар манбаъҳои форсӣ истифода шуда, маоши сипоҳиёнро ифода мекард, ки охири ҳар бист рӯз як маротиба пардохта мешуд. Дар боби асли баромади он ақидаҳо гуногун буда, баъзе олимон, монанди Хоразмӣ ва Ибни Ҳавқал, иддао доранд, ки қаблан дар байни араб­ҳо бо номи «ишрин» маъруф буда, баъдан ба форсӣ тарҷума шудааст. Гурӯҳи дигари олимон даъво доранд, ки Бистгонӣ. аслан калимаи форсӣ буда, «ишрин» муодил ва тарҷимаи арабии он мебошад. Дар тарҷумаи «Тафсири Табарӣ», ки қабл аз осори Хоразмӣ ва Ибни Ҳавқал таълиф ёфтааст, вожаи Бистгонӣ. истифода шудааст. Бистгонӣро ба тарзи дигар ҳам шарҳу тафсир дода, дастаҳои бистнафараи сипоҳиён ҳам донистаанд. Ба ҳар ҳол, Бистгонӣ ҳамчун маош ба сарбозону сипоҳиён дар ҳар 20 рӯз пардохта мешудааст. Аз ҷумла, дар даврони Саффориён ин маросим ташрифоти хосса дошта, маош аввал ба амири саффорӣ, сипас ба дигар мақомот, аз ҷумла, лашкариён ва сипоҳиён дода мешуд. Бистгонӣро сипоҳиёне мегирифтанд, ки ҳамаи абзору адавоту лавозимоти мавриди ниёзи як низомиро дошта бошанд. Дар аҳди Сомониён пардохти Бистгонӣ нисбат ба ҳамаи давлатҳои шарқӣ муназзамтар будааст. Дар давраи ҳукмронии Ғазнавиён, бино бар маълумоти Байҳақӣ ва Низомулмулк, Бистгониро ҳам лашкариёну ҳам сарбозону ҳам ғуломон мегирифтаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • نظامالملک. سیفالملک (سیاستنامه). تهران،۱۳۵۵هـ. ق.؛
  • بیهقیابوالفضل. تاریخبیهقی. مشهد،۱۳۵۶هـ. ق.؛
  • ابنحوقل. صورةالارض. لیدن،۱۹۳۹

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]