Бода (оҳанг)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Бода» — тарона, оҳанги маросимии аҳди Сосониён.

«Бода» ба силсилаи оҳангу таронаҳои қисми аввали «Хусравониёт»-и Борбади Марвӣ мансуб буда, барои маросимҳои ҷашнороии Хусрави Парвиз эҷод шудааст. Дар адабиёти хаттии мусиқию адабии садаҳои 10–12 «Бода» яке аз таронаҳои машҳури он айём зикр шудааст. Дар асрҳои 12–14 («Мақолиду-л-улум»-и Ҷурҷонӣ, «Рисола дар илми мусиқӣ»-и Муҳаммади Нишопурӣ ва ғайра) низ «Бода»-ро ёд кардаанд. Дар мусиқии имрӯзаи халқӣ ва классикии тоҷик ба ин ном шуъба ё гӯшаи созию овозӣ амал надорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Раджабов А. Борбад: эпоха, традиция и новаторства. Д., 2010;
  • Раджабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 1V–V11. Д., 2011;
  • شرح ردیف موسیقئ ایران.تهران، ۱۳۴۶ هـ. ش.؛
  • فرصتئ شیرازی. بحور الالحان. تهران، ۱۳۴۲.؛
  • مهدئ ستایشگر. نامنامۀ موسیقئ ایران زمین. تهران، ۱۳۷۸.؛
  • رضا قلخان حدایت. فرهنگ انجمن آرای ناصری. تهران، ۱۳۰۴ هـ. ش.؛
  • نصرت الله حدادی. فرهنگ موسیقئ ایران. تهران، ۱۳۷۵ هـ. ش

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]