Болохона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Оташгоҳи Боку дар рустои Сӯрохонӣ. Болои даромадгоҳ як болохона вуҷуд дорад[1].

Болохона (форсӣ: بالاخانه‎‎) — дар ҳунари меъморӣ хонае, ки дар болои бинои асосӣ сохта мешавад. Дар Осиёи Марказӣ болохонаро дар болои дарвозахона низ месозанд. Болохона айвондор ва беайвон мешавад. Таъйиноти ҳар ду навъи он дар фасли гармо барҳаво шудани иқоматгоҳ аст. болохона аслан дар биноҳои иқоматӣ, вале гоҳе дар биноҳои фарҳангию маъмурӣ низ (аз ҷумла мадрасаи Носирия дар Табрез, девони шоҳӣ дар Ғазна, нақорахона дар Бухоро ва ғ.) сохта мешуд. Болохонаро ҳамчун анбори хоҷагӣ низ истифода мебаранд. Нигар низ Хона.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Азербайджан // Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов. — М. : Большая российская энциклопедия, 2004—2017.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]