Борис Литвинский
Таърихи таваллуд | 17 апрел 1923 |
---|---|
Зодгоҳ | Тошкент |
Таърихи даргузашт | 20 август 2010 (87 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон, Институти Шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС (АИ Россия, 1973-2010) |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва |
Роҳбари илмӣ | Александр Александрович Семёнов |
Ҷоизаҳо |
Борис Анатолевич Литвинский (17 апрели 1923 — 20 август и 2010) — муаррих, мухақиқи Тоҷикистон ва Осиёи Маркази, доктори илми таърих (1970), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1985), узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1978). Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1983).[2][3]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москваро хатм кардааст (1946), ихтисос — «таърих, бостоншиносӣ»,
Муовини директори ИТИ санъатшиносии Тошкент (1949—1951), мудири бахши бостоншиносӣ ва сиккашиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон (1951—1971), ходими калони илмӣ, мудири бахшҳои муносибатҳои таърихӣ ва фарҳангии Шарқи шӯравӣ ва хориҷӣ (1971—1973), даврони қадим ва асрҳои миёнаи Институти Шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС (АИ Россия, 1973—2010), ҳамзамон сардори Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон (1973—1991). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърих, бостоншиносӣ, таърихи фарҳанг.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо ордени «Шараф»,
- Ситораи Сурх,
- Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1983).
- Ба дарёфти Ҷоизаи байналмилалии Р.Гиршмани Академияи катибаҳо ва каломи бадеъ (Франсия) ноил гаштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Сад арбоби маъруфи давлатию сиёсии тоҷик. «Рӯзгор» http://ruzgor.tj/sad-fardi-ma-ruf/10724-10-sad-fardi-maruf-2014.html Бойгонӣ шудааст 4 марти 2016 сол.
- ↑ Борис Анатолевич Литвинский
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 17 апрел
- Зодагони соли 1923
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Тошкент
- Даргузаштагони 20 август
- Даргузаштагони соли 2010
- Даргузаштагони Маскав
- Докторони илм
- Дорандагони ордени Ситораи Сурх
- Дорандагони ордени Шараф
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Олимони Тоҷикистон
- Шарқшиносони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Академикҳои АИ Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон