Бори шабакаи электроэнергетикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бори шабакаи электроэнергетикӣ — иқтидори электрикие, ки аз ҳосили ҷамъи иқтидори сарфкардаи ҳамаи қабулгарҳо (истеъмолкунандаҳо)-и энергияи электрикии ба шабакаҳои тақсимотии силсила (система) пайвастшуда ва иқтидори барои ҷуброни талафоти энергияи дар ҳамаи қисмҳои шабакаи электрикӣ (трансформаторҳо, табдилдеҳҳо, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва ғ.) сарфшаванда иборат аст.

Дар шабака вобаста ба вақт тағйир ёфтани иқтидори истеъмолкунанда ё қувваи ҷараёнро графики бор меноманд. Он ҷузъӣ (барои истеъмолкунандаҳои алоҳида) ва гурӯҳӣ (барои гурӯҳи истеъмолкунандаҳо) мешавад. Бори шабакаи электроэнергетикие, ки аз рӯйи иқтидори истеъмолкунанда муайян карда мешавад, бузургиҳои тасодуфӣ буда, бо баъзе эҳтимолиятҳо ба қиматҳои гуногун соҳиб мегарданд. Истеъмолкунандаҳои энергия, одатан, на ҳамеша дар як вақт ва на ҳамеша бо иқтидори пурра кор мекунанд, аз ин сабаб бори шабакаи электроэнергетикӣ ҳамеша аз ҳосили ҷамъи иқтидорҳои ҷузъии истеъмолкунандаҳо кам мебошад. Нисбати иқтидори истифодашудаи зиёдтарин бар иқтидори иловашударо зариби ҳамзамонӣ, нисбати бори бештарини гурӯҳи додашудаи истеъмолкунандаҳо ва иқтидори муқарраршудаи онҳоро зариби талабот меноманд. Бори шабакаи электроэнергетикиро бо миқдори миёнаи бор (нисбат ба миқдори энергияи дар ягон фосилаи вақт ҳосил ё истифодашуда бар давомоти ин фосилаи вақт) ва миёнаи квадратии бори шабакаи электроэнергетикӣ (дар шабонарӯз, моҳ, семоҳа, сол) муайян мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]