Борнит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Борнит
Борнит, скелетный кристалл 7см. Жезказган, с http://mindraw.web.ru/
Формула Cu5FeS4
Физические свойства
Цвет Медно-красный, индиговый
Цвет черты Тёмно-серая до чёрной
Блеск Металлический
Прозрачность Непрозрачный
Твёрдость 3—3,5
Спайность Несовершенная по {111}
Излом Раковистый; хрупок
Плотность 4,9—5,3 г/см³
Сингония Ромбическая, Кубическая, Додекаэдрическая, Октаэдрическая

Борни́т — минерал, сулфиди мис ва оҳан (Cu5FeS4). Ба ифтихори минералшиноси чех Игнас Борн номгузорӣ шудааст.

Ду модификатсияи полиморфӣ: баландаҳарорат (аз 228°С баланд) — силсилаи булӯрбандиаш кубӣ-гексаоктаэдрӣ ва пастҳарорат (аз 228°С паст) — силсилаи булӯрбандиаш тетрагоналӣ-скаленоэдрӣ дорад. Бештар дар шакли ҷинсҳои зичи донадор ва зарраҳо вомехӯрад. Рангаш тираи сурхтоб. Ҷилояш филиззӣ, сахтиаш 3 — 3,5, зичиаш 4900 −5300 кг/м3. Дар кислотаи нитрат (HNO3) ҳал мешавад. Таркиби кимиёиаш доимӣ нест. Аз рӯйи формулаи кимиёӣ бояд чунин бошад: Cu — 63,3 %, Fe — 11,2 %, S — 25,5 %. Аммо таркиби борнит дар ҳудудҳои калон тағйир меёбад, зеро таркибаш маҳлули сахти халкоперит ва халкозин дошта метавонад. Дар рагҳои ҳидротермалӣ ҳамроҳи халкозин, галенит, офалерит, пирит дучор меояд. Дар натиҷаи оксидшавӣ аз борнит минералҳои малахит, азурит, куприт ва ғ. ҳосил мешаванд. Дар табиат ба миқдори нисбатан кам мавҷуд буда, маъдани муҳимми мис аст. Борнит дар конҳои Русия, Қазоқистон, ИМА, Словения, Полша ва Намибия дучор мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]