Клиффорд Эдмунд Босворт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Босуорт, Клиффорд Эдмунд)
Клиффорд Эдмунд Босворт
Таърихи таваллуд 29 декабр 1928(1928-12-29)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 28 феврал 2015(2015-02-28)[1][2] (86 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ эроншиносӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Клиффорд Эдмунд Босворт (англ. Clifford Edmund Bosworth; 29 декабр 1928[1][2], Sheffield[d], Йоркшир[d]28 феврал 2015[1][2], Yeovil[d], Англияи Ҷанубу Ғарбӣ[d][3]) — шарқшиносӣ бритониёӣ, профессор, узви Академияи Британиё. Сардабир ва яке аз нависандагони «Донишномаи ислом», виростор-мушовир ва яке аз нависандагони «Донишномаи Эронико», аз нависандагони донишномаҳои «Бритоннико» ва «Амироконо».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бахши шарқшиносии Коллеҷи шаҳри Оксфордро хатм карда, забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркиро омӯхтааст. Доктори илмҳои таърих (1956). Босворт дар донишгоҳҳои Сент-Эндрюс (Шотландия), Торонто (Канада), Манчестер (Англия), Уэлс, Ҳарвард (ИМА) тадрис намудааст. Самти фаъолияти илмии Босворт асосан таърихи асримиёнагии Эрон ва кишварҳои арабӣ буда, дар ин замина чанд асар ва даҳҳо мақолаву гузориши илмӣ ироа намуд. Дар пажӯҳиш ва муаррифии таърихи сулолаи Ғазнавиён осори Босвортро муҳаққиқон ба унвони таҳқиқоти камназир пазируфтаанд. Донистани се забони пурнуфузи шарқ ба ӯ имкон дод, ки дар заминаҳои таърих, адабиёт ва таърихи адён осори арзишманде биофарад. Китобу мақолаҳои Босворт перомуни авзои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Хуросону Мовароуннаҳри асрҳои 8-13, ки муҳимтарин марҳалаи таърихи халқи тоҷик ба шумор меравад, маълумоти нодир медиҳанд. Асари Босворт «Силсилаҳои исломӣ» (Эдинбург, 1967) ба даҳҳо забони дунё тарҷума гардидааст. Намунаҳои дигари осори ӯ дар Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Лубнон, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳои арабӣ борҳо тарҷума ва нашр гардид. Босворт бештар аз панҷоҳ соли умри худро ба тадрис ва пажӯҳиши таъриху фарҳанги Машриқзамин бахшидааст ва номи ӯ дар радифи бузургтарин ховаршиносони дунё сабт гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  3. 3.0 3.1 https://s3.eu-west-2.amazonaws.com/sjc.prod/documents/TW-Magazine-2015.pdf — С. 47.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]