Боқирии Ҳиравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боқирии Ҳиравӣ

Боқирии Ҳиравӣ (форсӣ: باقری هروی‎; ? — қарни XV) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш — шаҳри Ҳирот улуми мутадовилаи даврашро омӯхта, ба камол расидааст. Пас аз касби камол ба доираи адабии дарбори Султон Ҳусайни Бойқаро ворид шуд. Дар шеъру шоирӣ шогирди Шаҳдоби Ҳиравӣ — шоири маъруфи замонаш буд. Боқирии Ҳиравӣ дар анвои гуногуни назм — қасидаву ғазал, рубоӣ ва ғайра шеърҳо эҷод кардааст, ки намунаҳои онҳо тавассути тазкираҳо расидаанд. Дар муаммогӯӣ дасти қавӣ доштааст. Муаммои зерин ба исми «рукн» аз сурудаҳои ӯянд:

Рақиб дид, ки сайдам намуд ғамзаи ёр,
Зи рашк сӯхт дилаш чун ба ноз кард шикор.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]