Jump to content

Офтобпараст

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бӯқаламун)
Бӯқаламун

Офтобпараст ё Бӯқаламун - хамелеон (лот. Chamaeleontidae), яке аз оилаҳои хазандаҳо, ки 4 ҷинс ва тақрибан 90 намудаш дар минтақаи субтропикӣ ва тропикии Африқо ва Осиё паҳн шудааст. Дарозиаш 4-60 см. Бадани Бӯқаламун панҷақ, сараш тоскулоҳшакл, гарданаш кӯтоҳ, думаш камоншакл, забонаш дароз (то 30 см). Ранги пӯсти Бӯқаламун бо таъсири омилҳои берунӣ (ҳарорат, рӯшноӣ, намӣ) ва дохилӣ (гуруснагӣ, ташнагӣ, тарс ва ангезиш) дигар мешавад. Одатан дар дарахт зиндагонӣ мекунад. Бӯқаламун ҷонварӣ камҳаракат аст. Ҳашароту мавҷудоти бемӯҳраро бо забонаш дошта мехӯрад. Аксари Бӯқаламунҳо тухм мегузоранд.