Вазифаи риояи Конститутсия ва қонунҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вазифаи риояи Конститутсия ва қонунҳо — яке аз вазифаҳои конститутсионӣ, ки иҷрои он аз ҳар як шаҳрванд, шахси мансабдор, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидора ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ риояи бечунучарои талаботи конститутсия ва қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро талаб менамояд.

Риояи конститутсия ва қонунҳо дар ҳар кишвар, пеш аз ҳама, вазифаи ҳамаи ширкатдорони (субъектони) муносибатҳои ҳуқуқӣ буда, таъмини қонуният ҳамчун асоси устуворшавии тартибот, ҷомеа ва ҳаёти осуда ва бехатарии ҳар як инсон мебошад. Вазифаи риояи Конститутсия ва қонунҳо заминаи устувори барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз рӯйи усулҳои демократӣ ташкил меёбад ва фаъолияти ниҳодҳои он дар заминаи риояи қатъии конститутсия ва қонунҳо қарор ёфтааст, бешубҳа, дурнамои хуб дорад.

Вазифаи риояи Конститутсия ва қонунҳо аз ҳар як субъекти ҳуқуқ талаб менамояд, ки вобас та ба касбу кор, мансаб, фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ахлоқу одоб ва вазифаҳои хидматии худ талаботи кон- ститутсия ва қонунҳоро дар шаклу воситаҳои муқарраршуда риоя намояд. Мас., мувофиқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис ёфта, амал мекунанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» тартиби ташкил намудан, шаклҳои фаъолият ва ҳуқуқу вазифаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муайян кардааст. Таъсискунандагон ва мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ бояд ин меъёрҳоро ба асос гирифта, фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятиро ба роҳ монанд. Моддаи 64 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии конститутсия ва қонунҳо мебошад. Ҳамзамон Президент ҳамчун сарвари давлат ва мақомоти ҳокимияти иҷроия, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, раиси ҳизби бонуфузи сиёсӣ нисбат ба шаҳрванди одӣ ба риояи конститутсия ва қонунҳо бештар манфиатдор ва масъул мебошад. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии мақомоти олӣ ва марказии ҳокимияти давлатӣ, қарордодҳои мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба конститутсия муайян намояд. Яъне, дар таҷрибаи фаъолияти худ мақомоти дахлдори давлатӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки вазифаҳои хидматиашонро бо роҳу шаклҳои қонунӣ амалӣ намоянд.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Бинобар ин, эътироф ва риояи конститутсия ва қонунҳо ба омӯзишу дарк намудани мазмуну таъйиноти онҳо алоқаманд аст. Аз ин рӯ, давлат вазифадор аст, ки матни қонунҳоро дастраси шаҳрвандон гардонад ва барои дарки он кумак paсонад, вагарна қонунҳоро надидаву наомӯхта риоя кардан номумкин аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Вазифаи риояи Конститутсия ва қонунҳо / А. Имомов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
  • Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д.,1994;
  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Д., 2009.