Википедиа

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Www.wikipedia.org screenshot 2013.png

Википедиаэнсиклопедияи, ки дар асоси технологияи викӣ офарида шуда аст, озодона дар шабакаи Интернет бо забонҳои бисёр дастрас мебошад. Он аз тарафи ҳамаи хоҳишмандон ривоҷ меёбад. Аз ибтидои ташкилшавӣ, соли 2001, Википедиа ба донишномаи машҳуртарин табдил ёфта, рӯз то рӯз пурратар мегардад.

Таърих[вироиш]

Хусусияти хоси интернет-энсиклопедияи Википедиа (ба туфайли технологияи wiki, ки асоси корбарии сомона аст) аз он иборат аст, ки вироиш ва таҳрири маќолаҳоро ҳар як шахси истифодабарандаи шабакаи интернет, ки низоми Википедияро риоя мекунад, мавриди истифода, яъне навиштаву таҳрир карда метавонад. Дар баробари ин, дар аксар ҳолатҳо, ҳатто бе сабти ном дар сомона вироиш ва таҳрири маќолаҳо имконпазир мебошад. Кулли тағйиротҳои ба ягон маќолаҳои ин энсиклопедия ворид намудаи чунин ихтиёриён дарҳол ба ҳамаи муштариёни сомона маълум мегардад. Википедиа аз ҷониби ихтиёриёни кулли ҷаҳон ба 285 забонҳои ҷаҳонӣ, аз љумла 491 дар инкубатор, эъҷод карда мешавад. Дар он 29 миллион маќолаҳо ҷойгир шудаанд. Интернет-сомонаи Википедиа аз рўи миќдори зиёраткунандагон, дар љойи 5 байни сомонаҳои ҷаҳонӣ мебошад — ҳар моҳ сомонаро ќариб 480 миллион нафар одамон зиёрат мекунанд. Соли 2001 аз ҷониби Љими Уэйлс ва Ларри Сенгер ба кор андохтани Википедиа, ҳоло он ба яке аз бузургтарин ва аз ҳама маъмултарин маълумотнома дар Интернет мубаддал гаштааст. Аз рўи ҳаҷми иттилоот ва фарогирии мавзўъҳо Википедиа энсиклопедяи аз ҳама пуратарин ва беҳтарин дар таърихи башарият мебошад. Яке аз ҷиҳатҳои хуби Википедиа ҳамчун энсиклопедяи универсалӣ, фароҳам овардани имконияти пешниҳоди иттилоот ба забони модарии корбарон мебошад, ки ба ҳамин васила ќиммати иттилооти овардашударо, ҳамчун ҷанбаи фарҳангӣ нигоҳ медорад.

То 13 декабри соли 2012 дар Википедиа 285 ќисматҳои забонҳои ҷаҳонӣ (аз он љумла 274-тои он фаъол) мавҷуданд. Аз ҷумла, 10-тои он зиёда аз 750 ҳазор маќола, 41 зиёда аз 100 ҳазор маќола, 117 зиёда аз 10 ҳазор маќола ва 222 ќисматҳо зиёда аз 1 ҳазор маќола доранд.


"Ҷимбо Вейлс мегӯяд, ки Wikipedia як донишномаи озоди мардумӣ ва ҷаҳонист. Дар он метавон ҳама гуна маълумотро пайдо кард. Шояд саволе нест, ки посухи он дар ин сомона набошад. Истифода аз ин иттилоъ озод ва ройгон аст. Гузашта аз ин ба зудӣ сомонаи тоҷикии Википедиа дар шабакаи ҷаҳонии интернет нашр хоҳад шуд. Ин муждаи наврӯзист! Муборак!"[1]

Нигаред[вироиш]

Сарчашмаҳо[вироиш]

  1. Тоҷикон дар Википедиа