Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2017/44

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аббос Алиев - (1899-1958), вазири аввалини маорифи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, олим, доктори илм ва профессори аввалини тоҷик. Бо ордени Ситораи Тиллои Комиҷроияи Марказии Республикаи Халқии Советии Бухоро (1922) мукофонида шудааст. Аббос Алиев - вазири аввалини маорифи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон. Иштирокчии сарнагун намудани аморати Бухоро соли 1920. Соли 1922 Каӽрамони Ҷумҳурии Халқии Бухоро. Мактаби олии ҳизбӣ ва сиёсии «Красная профессура»-и назди КМ ВКП (б)-ро хатм кардааст. Фаъолияти инқилобии ӯ дар Бухоро, Когон ва Чорҷӯй сар шуд. Солҳои 1918–1920 сардори Комитети махфии ҳизбии Чорҷӯй ва яке аз ташкилотчиёни ҶХС Бухоро, солҳои 1921–1923 корманди нахустини идораҳои ҳизбӣ ва муассисаҳои давлатӣ, баъдан муҳаррири рӯзномаи «Қутулуш» (баътар «Бухоро ахбори», «Озод Бухоро», «Бухоро пролетари», «Бухоро ҳақиқати»), 1924–1927 яке аз муассисони маорифи халқ ва якумин нозири маорифи халқи Тоҷикистон буд.(бештар...)