Вилҳелм Эдуард Вебер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вилҳелм Эдуард Вебер
олмонӣ: Wilhelm Eduard Weber
Таърихи таваллуд 24 октябр 1804(1804-10-24)[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 23 июн 1891(1891-06-23)[1][4][5][…] (86 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: Doctor[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Johann Schweigger[d]
Шогирдон Gottlob Frege[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вилҳелм Эдуард Вебер (олмонӣ: Wilhelm Eduard Weber; 24 октябр 1804[1][2][3], Lutherstadt Wittenberg[d][6][2]23 июн 1891[1][4][5][…], Göttingen[d][6][2]) — физикдони олмонӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи Ҳалле (1826). То соли 1831 устоди ҳамин донишгоҳ, солҳои 1831-37 проф. Донишгоҳи Гёттинген буд. Баъди фавти Вилгелми IV аз кор ронда мешавад. Солҳои 1843-49 проф. Донишгоҳи Лейпсиг, аз соли 1849 то охири умр проф. Донишгоҳи Гёттинген. Корҳои асосии В. ба физикаи электрик ва ҳодисаҳои магнитӣ бахшида шудаанд. Вилҳелм Эдуард Вебер низоми мутлақи ченакҳои (воҳидҳои) барқӣ ва магнитиро муқаррар кардааст. Ӯ ба таври назариявӣ қонуни таъсири мутақобилаи барқаҳои муҳаррикро таҳия намуда, муодилае ҳосил кард, ки дар он натанҳо аломату бузургии зарядҳо, балки суръати нисбии ҷойивазкунии онҳо низ ба назар гирифта шудааст. Вале ӯ дар ин муодила интиҳо доштани суръати таъсири мутақобиларо ба эътибор нагирифтааст. Вилҳелм Эдуард Вебер чунин мешумурд, ки қувваҳо ба таври лаҳзавӣ таъсир мерасонанд. Ӯ инчунин фарзияи фосиладории зарядро таҳия намудааст. Соли 1856 Вилҳелм Эдуард Вебер якҷо бо Р. Колрауш таносуби байни барқаи конденсатор (бо воҳидҳои электростатикӣ ифода меёбад) ва ҳамин барқаро (дар воҳидҳои магнитӣ) муқаррар намуда, бори аввал муайян кард, ки он ададан ба суръати рӯшноӣ баробар аст (Q/q=c). Ҳамроҳи К. Ф. Гаусс (1833) нахуст дар Олмон телеграфи электромагнитӣ кашф ва насб намуд, ки озмоишгоҳи физикаи Донишгоҳи Лейпсигро ба расадхона мепайваст. Воҳиди сели магнитӣ ба шарафи Вилҳелм Эдуард Вебер (вебер) номгузорӣ шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]