Вистон
Зоҳир
Вистон — як навъи чормағзи маҳаллӣ.
Дарахташ зудсабз, шохсораш парешон. Самараш калон (35 х 33 х 33 мм), гирда ва нӯгдор (вазнаш 13 г). Пӯсташ нафис (1,4 мм). Мағзаш пур (52 дарсади вазни умумии чормағзро ташкил медиҳад), серравған (73,6 %). Дарахти худрӯи вистонро дар ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор дар мавзеи Вистони дараи Ромит пайдо кардаанд. Соли 2005 ба шароити иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ карда шуд (У. Х. Холдоров, С. Б. Шомурадова). Дар минтақаҳои кӯҳсор ва наздикӯҳӣ ҳосили бисёр медиҳад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вистон / С. Шомурадова // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.