Восиқи Нишопурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Восиқи Нишопурӣ
Навъи фаъолият: шоир

Мирзо Ҳасанбек Восиқи Нишопурӣ (форсӣ: واثق نیشاپوری‎) — шоири эронӣ (асри 17).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Нишопур таҳсил карда, ба камол расидааст. Аз нахустин навиштаҳои шӯрангез ва диловезаш дар татаббӯъ ба Абдуллоҳи Ансорӣ тазкиранигор Насрободӣ ёд кардааст. Инчунин дар «Тазкираи Насрободӣ» аз сафари Восиқи Нишопурӣ ба Ҳинд ва бозгашташ ба Эрон сухан меравад. Тазкиранигори Ҳиндустон Сархуш дар «Калимоту-ш-шуаро» Восиқи Нишопуриро чун шоири тавоно ва хушсухан тавсиф кардааст. Аз осораш намунаҳо тавассути тазкираҳо расидаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • دانشنامۀ ادب فارسی. ادب فار سی در شبه قاره (هند، پا کستا ن، بنگلادش). جلد چهارم، بخش سوم، تهران، 1380 هـ. ش.؛

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]