Воҳидҳои дуӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Воҳидҳои дуӣ (дар назарияи иттилоот) — воҳидҳои андозагирии энтропия ва миқдори иттилоот.

Манбаъе, ки ду маълумоти баробарэҳтимол дорад, ба 1 воҳиди дуӣ ё 1 бит (bit, аз англ. binary digit) энтропия соҳиб мебошад. Миқдори воҳиди дуӣ шумораи миёнаи аломатҳоеро (бо саҳеҳии то воҳид) нишон медиҳад, ки барои бо рамзи дуӣ сабт кардани иттилооти додашуда зарур аст. Инчунин воҳидҳои даҳӣ (decit, аз англ. decimal digit) мавҷуданд. Гузариш аз як воҳид ба воҳиди дигар ба тағйири асоси логарифмҳо дар қимати энтропия ва миқдори иттилоот (10 ба ҷойи 1) мувофиқат мекунад. Муодилаи гузариш чунин аст: 1 воҳиди даҳӣ = 1/lg воҳиди дуӣ = 3,32 воҳиди дуӣ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]