Гази миёнситораӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гази миёнситораӣ, гази байниситораӣ (англ. Interstellar gas) — муҳити тунуки газӣ, ки тамоми фазои байни ситораҳоро фаро гирифтааст.

Гази байниситоравӣ шаффоф мебошад. Массаи умумии гази байниситоравӣ дар Галактика аз 10 млрд массаи Офтоб зиёд аст ё чанд дарсади массаи умумии ҳамаи ситораҳои Галактикаи моро ташкил медиҳад. Зичии атомҳои гази байниситоравӣ дар 1 см3 аз 1 атом камтар аст. Массаи асосии он дар наздикии ҳамвории Галактика воқеъ гашта, ғафсии қабати он ба садҳо парсек баробар мебошад. Зичии газ ба ҳисоби миёна қариб 10‒21 кг/м3 аст. гази байниситоравӣ аз ҳидроген ва ҳелий (мувофиқи адади атомҳо мутобиқан 90 % ва 10 %) бо омехтаҳои ками унсурҳои вазнин иборат мебошад. Вобаста ба ҳарорат ва зичӣ гази байниситоравӣ ҳолати молекула, атом ва ионро мегирад. Дар фазо абрҳои сарди молекулавӣ, гази тунуки байниабрӣ, абрҳои ҳидрогени ионнокшудаи ҳарораташон қариб 10 000 К (Туманоти Ҷаббор) ва мавзеъҳои фарохи гази тунуку хеле гарми ҳарораташон қариб млн К мушоҳида мешавад. Нурҳои ултрабунафш бар хилофи нурҳои ба чашм намоёни рӯшноӣ аз тарафи гази байниситоравӣ фурӯ бурда мешаванд ва энергияи худро ба он медиҳанд. Ба туфайли ин ситораҳои тафсон бо афканишоти ултрабунафши худ гази атрофро тақр. то ҳарорати 10000 К гарм мекунанд. Гази тафсон худ шуоъ меафканад ва мо онро чун туманоти равшани газӣ мушоҳида мекунем. Газҳои сардтари «нонамоён» бо усулҳои радиоастрономӣ мушоҳида карда мешаванд. Атомҳои ҳидроген дар муҳити тунук радиомавҷҳои дарозии мавҷашон қариб 21 см-ро меафкананд. Аз ин сабаб аз минтақаҳои гази байниситоравӣ мунтазам сели радиомавҷҳо паҳн мешавад. Ин афканишотро олимон таҳқиқ намуда, зичӣ, ҳарорат ва ҳаракати гази байниситоравӣ-и фазои коинотро муайян мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]