Гала

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мустангҳои ваҳшӣ иёлати Юто (2005)

Гала — гурӯҳи аспу шутурҳо. Дар гала аспҳои ҳамзот, ҳамҷинс, ҳамсолро нигоҳ медоранд. Галаи аспони минтақаҳои дашт аз 125—175 сар, галаи аспони мавзеъҳои кӯҳсор аз 50-75 сар иборат аст. Ду усули парвариши гала — чарогоҳӣ ва чарогоҳиву тавилагӣ вуҷуд дорад. Аввалан аспҳо зимистону тобистон дар чарогоҳ нигоҳ дошта мешаванд, баъдан аспҳо (хусусан аспҳои асилзот)-ро тобистону тирамоҳ дар чарогоҳ нигоҳ дошта, зимистон дар тавила бо ему хошок парвариш мекунанд. Маҳсулот (гӯшту қимиз)-и аспҳои чарогоҳ нисбат ба аспҳои тавила ду баробар арзон аст.

Дар Тоҷикистон галаро асосан дар чарогоҳ мепарваранд. Дар як гала беназорат нигоҳ доштани ҳайвоноти ҷинсашон гуногун боиси ҷуфтишавии бармаҳали ҷавонаҳо мегардад.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]