Ганданафасаки гандум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ганданафасаки гандум
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Eurygaster integriceps
Puton, 1881

Ганданафасаки гандум (лот. Eurygaster integriceps) — як навъи ҳашараи зараррасон.

Тавсифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Асосан ба зироати ғалладона, бахусус ҷав, гандум ва шолӣ зиён меорад. Дарозиаш 10-13 мм, рангаш зардча, нақшҳои мармаргун дорад. Ҳашароти болиғ тирамоҳ ба кӯҳу бешазорҳо парида рафта, дар он ҷойҳо зимистон мегузаронад. Аввали баҳор дар ғаллазорҳо ҷой мегирад. Модинааш 200—500 тухм мегузорад; тухмаш мудаввар, рангаш норинҷии сабзтоб. Кирминаҳо баъд аз 35-40 рӯз ба ҳашараи болиғ табдил меёбанд. Г. г. дар шароити Тоҷикистон соле як бор афзоиш мекунад.

Тадбирҳои мубориза[вироиш | вироиши манбаъ]

  • нест кардани алафҳои бегона;
  • саривақт ғундоштани ҳосил;
  • истифодаи доруҳои кимиёӣ: Амбуш (консентрати эмулсияи 25%-а; 0,5 л/га), БИ-58 (консентрати эмулсияи 40%-а; 1,5 л/га), Детсис (консентрати 2,5%-а; 0,25 л/га), Нурелл (консентрати эмулсияи 20%-а; 0,25 л/га) ва ғ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тошпӯлотов М. М. Тавсиянома доир ба муборизаи зидди зараррасон ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ. Д., 2006;
  • Тошпӯлотов М. М., Қаҳоров Қ. Ҳ., Амонов М. Ҳ., Алибоева М. М., Солиев Ш. Т. Энтомологияи кишоварзӣ. Д., 2009;
  • Қаҳоров Қ. Ҳ., Амонов М. Ҳ. Тавсиянома доир ба муборизаи зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ. Д., 2012.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]